Шумораи истифодабарандагони Интернет дар якҷоягӣ бо истифодабарандагони интернети мобилӣ ва собит 3, 34 миллион нафарро дар бар мегирад. Барқарорсозии шабакаи «ҳукумати электронӣ» дар байни вазорату идораҳои давлатӣ идома дошта, 50 вазорату идораҳои ба шабака мазкур пайваст карда шуда, барои роҳандозии сегменти якум, яъне байни шуъбаҳои умумии вазорату идораҳо ташкил намудани мубодилаи электронӣ тадбирҳои дахлдор андешида мешаванд. Ин матлаб имрӯз зимни нишасти матбуотӣ аз ҷониби муовини сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Атоев баён гардид.
Ин дар ҳолест, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ 26 январи имсол зикр карданд, ки дар шароити кунунӣ рушди технологияҳои рақамӣ шарти асосии рақобатнокии иқтисодӣ ба шумор меравад. Ҳамчунин супориш доданд, ки бо мақсади таҳкими асосҳои институтсионалии иқтисоди рақамӣ, рушди инфрасохтори иттилоотиву коммуникатсионӣ дар тамоми қаламрави кишвар, рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва вусъатбахшии раванди амалӣ намудани «ҳукумати электронӣ» ба Ҳукумати мамлакат ва сохтору мақомоти дахлдор супориш дода мешавад, ки доир ба таъсис додани Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Тоҷикистон чораҷӯӣ намоянд.
Илҳомҷон Атоев инчунин афзуд, ки инноватсия дар мамлакат чизи нав нест, балки чанд соласт, ки корҳо дар ин самт амалӣ карда мешаванд. Ин чизест, ки пайваста дар ҳоли рушд мебошад.
-Дар замони соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон дар масъалаи алоқаи барқӣ ва мобилӣ хеле пеш рафт. Пеш, агар то соли 2019 мо 20 Гбит/сония ба ҷумҳурӣ интернет ворид мекардем, ҳоло 70 ГБит овардем. Инчунин зиёда аз 26 ҳазор истгоҳҳои базавӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон насб шудаанд, ки онҳо системаи ягонаи алоқаи мобилиро ташкил медиҳанд,-иброз намуд Илҳомҷон Атоев
Дар мавриди истифодаи симкортҳои истифодабарандагони алоқаи мобилӣ зикр гардид, ки соли 2020 он 7 миллиону 268 ҳазору 516 ададро ташкил медиҳад, аз ҷумла 5 миллиону 433 ҳазору 988 ададашон муштариёни фаъол мебошанд.
Ҳамчунин ба гуфти Илҳом Атоев, то имрӯз 4,5 миллион шаҳрвандон симкортҳои худро бо ID-шиносномаҳои намунаи соли 2014 сабти ном кардаанд ва 2,6 миллион симкорти дигар бо шиносномаҳои намунаи кӯҳна боқӣ мондаанд.
АМИТ «Ховар»