11 июни соли 2018 дар шаҳри Ҷенҷоуи вилояти Хэнан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Котиби Кумитаи ҳизбии вилояти Хенан Ван Гошен мулоқот карданд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ масоили рушду густариши муносибатҳои ҳамкории дуҷониба дар бахши сиёсат, иқтисодиёт, робитаҳои муҳими тиҷоратию иқтисодӣ, табодули таҷриба баҳри пешрафти соҳаи кишоварзӣ ва дигар самтҳои барои ҳар ду ҷониб судманд баррасӣ карда шуд.
Президенти мамлакат аз сатҳ ва мазмуну муҳтавои ҳамкории шарикӣ бо Чин, ки бар асоси боварию эътимод ба манфиати мардумони Тоҷикистону Чин ба роҳ монда шуда, бахшҳои муҳим, аз ҷумла, сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ ва гуманитариро дар бар мегирад, изҳори қаноатмандӣ карданд.
Ҷалби сармоя ва ширкатҳои музофоти Хэнан дар пешрафти иқтисодиёти Тоҷикистон, таъсиси корхонаҳои муштарак барои коркарди маҳсулоти кишоварзиюю саноатӣ намунаи ибратбахши рушди ҳамкории минтақавӣ арзёбӣ карда шуд.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин масъалаи таъмини амнияти минтақавӣ ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳро муҳокима карданд.