Дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи славянии Тоҷикистон-Россия 12 ноябр вохӯрии Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода бо донишҷӯёни тоҷике, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмии хориҷи кишвар таҳсил менамоянд, баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати маориф ва илм.
Дар вохӯрӣ ҳамчунин роҳбари Маркази илм ва фарҳанги Россия дар Душанбе «Россотрудничества» Иван Иванов, намояндагони вазоратҳои маориф ва илм, корҳои хориҷӣ ширкат доштанд.
М. Имомзода ва И. Иванов суханронӣ карда, вобаста ба вазъи эпидемиявии ҷойдошта дар ҷаҳон, таҳсил дар шароити пандемия, корҳои анҷомдода дар самти интиқоли донишҷӯёни тоҷик барои таҳсил ба хориҷи кишвар ва чанде дигар ибрози андеша намуданд.
Таъкид гардид, ки масъалаи фиристодани донишҷӯёни тоҷик ба хориҷи кишвар пайваста зери таваҷҷуҳи Ҳукумати кишвар ва Вазорати маориф ва илм қарор дошта, ҷиҳати ҳалли масъалаи мазкур чораҳои судманд андешида шуда истодаанд. Аз ин ҷост, ки чанд маротиба байни вазоратҳои маориф ва илми кишварҳо суҳбатҳо анҷом дода мешаванд.
Вазири маориф ва илм донишҷӯёнро ба дарки вазъияти мавҷуда даъват намуда, иброз дошт, ки ин вазъият на танҳо барои шаҳрвандони Тоҷикистон ҷой дорад, балки мушкилотест, ки ҷомеаи инсониро ба ташвиш овардааст.
Инчунин, пешниҳод гардид, ки то ба эътидол омадани вазъ дар кишварҳо донишҷӯён таҳсилро тариқи фосилавӣ идома диҳанд. Дар сурати дигар, агар хоҳиши дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил карданро дошта бошанд, метавонанд расман ба Вазорати маориф ва илм муроҷиат кунанд ва вобаста ба ихтисос ва факултет ба донишгоҳҳои кишвар қабул карда мешаванд.
Дар идомаи вохӯрӣ донишҷӯён ба як қатор саволҳои худ вобаста ба пардохти маблағи шартномаи таҳсил ва маблағ барои истиқомат дар хобгоҳ, анҷом додани корҳои амалию лабораторӣ тавассути дарсҳои онлайнӣ, ҷамъбасти сессияҳо ва иштирок дар супоридани имтиҳонҳо ва чанде дигар аз ҷониби вазири маориф ва илм ва роҳбари Маркази илм ва фарҳанги Россия дар Душанбе «Россотрудничества» посухҳои мушаххас гирифтанд.
Дар охир вазири маориф ва илм аз донишҷӯён даъват ба амал овард, ки дар сурати пеш омадани мушкилот дар самти таҳсил бевосита ба Вазорати маориф ва илм муроҷиат намоянд.
АМИТ «Ховар»