Аъзои Маҷлиси миллӣ пешниҳоди Президентро ҷонибдорӣ намуданд

Беш аз бист масъалаи муҳими фарогири ҳаёти сиёсию иқтисодӣ  ва иҷтимоию фарҳангӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси  Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати  панҷум,  ки имрӯз дар шаҳри Душанбе доир гардид,  мавриди баррасии аъзои палатаи болоии Парлумони Тоҷикистон қарор гирифт.

Аъзои Маҷлиси миллӣ Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Оид ба ворид намудани  тағйиру иловаҳо ба  Қонуни конститутсионии  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти  прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон

«Дар бораи ҳолати ҷангӣ», «Дар бораи ворид намудани илова ба  Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии  Ҷумҳурии Тоҷикистон»,  «Дар бораи ворид  намудани  тағйирот ба Кодекси  мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани  тағйироту илова  ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  истеҳсолоти иҷро», «Оид ба ворид намудани тағйиру  илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  милитсия», «Оид ба ворид намуани  тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нотариати давлатӣ» , «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи разведкаи ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи  Ҷумҳурии Тоҷикистон» -ро баррасӣ ва ҷонибдорӣ намуданд.

Раисони Кумитаҳои Маҷлиси миллӣ Озода Раҳмон, Зафар Файзуллозода, Фарҳод Раҳимӣ ва Раҳмоналӣ Амирзода  масъалаҳои баррасигардидаро тавзеҳ дода, зикр намуданд, ки ҳадафи қонунҳои баррасишуда пеш аз ҳама ба такмили қонунгузорӣ, мутобиқ намудани  онҳо ба  Конститутсия ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии мамлакат,  тақвияти  волоияти қонун дар ҷомеа, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, таҳкими амният ва субот дар кишвар,  рушди иқтисодиёти миллӣ ва беҳдошти  вазъи иҷтимоии ҷомеа нигаронида шудаанд.

Дар иҷлосия ҳамзамон аъзои Маҷлиси миллӣ дар асоси пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  як қатор Қарорҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бозхонд намудани судяҳо  Аҳтам Акрамов  ва Шавкат Лутфуллозодаро  қабул намуданд. Бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Шавкат Лутфуллозода муовини якуми  Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин Хисрав Давлатзода, Маҳмад Раҳмонзода  ва Рухшона Ҳаким судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд.

Дар анҷоми иҷлосияи нуздаҳуми палатаи болоии Парлумони мамлакат аъзои Маҷлиси миллӣ Муҳаммадюсуф Имомзода,  Наргис  Раҳмонова, Раҳмоналӣ Амирзода ва Фарҳод Раҳимӣ бо мақсади  саҳми босазо гузоштан дар таҳкими ҳамкории байнипарлумонии давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил  бо медал ва Ифтихорномаҳои Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил сарфароз гардонида шуданд.

АМИТ «Ховар»