РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Зиёда аз 100 нафар намояндагони ВАО аз кишварҳои гуногун барои инъикоси кори Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд номнавис шудаанд

ТВТ. 04.06.2022. Барои инъикоси кори  Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» таҳти унвони «Пешбурди амал ва шарикӣ дар соҳаи захираҳои об дар сатҳҳои маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ», ки  6-9 июни соли 2022  дар Душанбе баргузор мегардад, зиёда аз 100 нафар намояндагони ВАО аз кишварҳои гуногун сабти ном шудаанд. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» дар Раёсати иттилоот ва матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар макони баргузории конфронс маркази матбуотӣ ташкил шуда, дар он барои кори рӯзноманигорон тамоми шароит фароҳам оварда шудааст.

Барои Конфронси байналмилалии сатҳи ҷаҳонӣ аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон котибот иборат аз 11 нафар таъсис дода шудааст. Ҳудуди 2000 меҳмони хориҷӣ, аз ҷумла намояндагони расонаҳои хориҷӣ сабти ном шуда, ширкати худро тасдиқ кардаанд.

Конфронси мазкур аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид  /СММ/ ва дигар шарикон  гузаронида шуда,  ба сифати маркази конфронси СММ оид ба Даҳсолаи миёнамуҳлати об (Ню-Йорк, 22-24 марти соли 2023) хизмат мекунад.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Tags: