Миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Кувайт машваратҳои сиёсӣ баргузор гардиданд

2 апрели соли 2018 байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Давлати Кувайт дар шаҳри  ал-Кувайт машваратҳои сиёсӣ баргузор гардиданд.

Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар машварат ҳайати ҷониби Тоҷикистонро муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ ва ҷониби Кувайтро муовини Вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт оид ба кишварҳои Осиё Алӣ Сулаймон ас-Саид роҳбарӣ намуданд.

Зимни машваратҳо тарафҳо масоили рушди муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Кувайт ва роҳҳои таҳкими минбаъдаи ҳамкории мутақобилан судманд дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, ҳамлу нақл, маориф ва фарҳанг, амният ва тавсеаи заминаи шартномавию ҳуқуқии ҳамкориро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҷонибҳо ҳамчунин доир ба вазъият дар Шарқи Наздик ва Афғонистон табодули назар намуда, зарурати талошҳои муштаракро ҷиҳати ҳалли мушкилоти минтақавӣ таъкид карданд.

АМИТ "Ховар"