Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов дар ҳошияи сафари худ ба Ню-Йорк ҷиҳати иштирок дар Иҷлосияи 72-юми Маҷмаи Умумии СММ 25 сентябр бо муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Лиу Ҷенмин мулоқот анҷом дод.
Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Департаменти иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ (UNDESA) ҷиҳати татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор, аз ҷумла ҳадафҳои марбут ба захираҳои об мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Ҷонибҳо ҳамчунин оид ба ҷараёни тадорукот бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», 2018-2028 ва Конфронси байналмилалӣ оид ба татбиқи Даҳсолаи мазкур, ки соли 2018 дар Душанбе доир мегардад, табодули афкор карданд.
АМИТ «Ховар»