Китоби «Мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар Тоҷикистон» дар натиҷаи ҳамкорӣ бо Маркази мероси фарҳанги ғайримоддии кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором (ICHCAP) таҳия гардида, ба нашр расид. Китоби мазкур яке аз тадбирҳои ҳифзу густариш ва муаррифии мероси фарҳанги ғайримоддии тоҷикон маҳсуб мешавад.
Ба иттилои маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, китоби мазкур маҳсули натиҷаи таҳқиқоти паёпаи олимони Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот ва чанд тан аз муҳаққиқони муассисаҳои илмию фарҳангии кишвар мебошад, ки дар асоси маводи бойгонии мероси фарҳанги ғайримоддии пажӯҳишгоҳ, адабиёти чопшуда ва маводи тозаи аз экспедитсияҳои мардумшиносию санъатшиносӣ бадастомада таълиф шудааст.
Мураттиби китоб мардумшиноси шинохтаи тоҷик Дилшод Раҳимов буда, муҳаррири он директори ПИТФИ, номзади илмҳои педагогӣ Шариф Комилзода мебошад. Китоб аз ҳафт бахш иборат буда, ҳар як бахш аз мақолаҳои самти муайян таркиб ёфтааст. Бахши якум фарогири унсурҳои анъанаи шифоҳӣ, бахши дуюм – санъати иҷроӣ, бахши сеюм – ҷашну маросимҳои анъанавӣ, бахши чорум – донишҳои суннатӣ ва таҷрибаи иҷтимоӣ, бахши панҷум – касбу ҳунарҳои анъанавӣ, бахши шашум – хӯрокҳои суннатӣ ва бахши ҳафтум – варзиши суннатӣ ва бозиҳои бачагона мебошанд.
Инчунин баъзе бахшҳои китоб ба фаслҳо тақсим шудаанд. Чунончӣ, бахши дуюм фаслҳои рақсҳои анъанавӣ, театри суннатӣ ва мусиқии мардумиро дар бар гирифтааст.
АМИТ "Ховар"