Бо соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон давлатамон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардида, дар роҳ ба сӯи рушди мустақилона қадамҳои устувор гузошт. Ин нукта имрӯз зимни маҷлиси тантанавӣ, ки дар Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди Олӣ, судяҳои судҳои пойтахт доир гардид, садо дод.
Хабарнигори АМИТ «Ховар» Марзияи САИД гузориш медиҳад, ки Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён иштирокдорони маҷлиси тантанавиро бо ҷашни Истиқлолияти давлатӣ табрик намуда, иброз дошт, ки дар даврони истиқлолият маҳз бо таваҷҷуҳ ва дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақомоти судии мамлакат ба шохаи мустақили ҳокимият табдил гардида, қонунгузории соҳа ва амалӣ гардидани чорабиниҳои дар Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ пешбинигардида зина ба зина тақвият меёбанд.
Зикр шуд, ки Истиқлолияти давлатӣ барои ҳар миллат неъмати бебаҳо ва арзишманд аст. Дар роҳи рушди ниҳодҳои демократӣ, ташаккули ҳокимияти судӣ ва амалӣ намудани адолати иҷтимоӣ дар мамлакат нақши Пешвои миллат басо муҳим ва таърихӣ мебошад.
Таъкид шуд, ки муҳимтарин нишонаи давлати устувор ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ, доштани Конститутсия ва ҳокимияти устувори конститутсионӣ мебошад. Бо эълон шудани Истиқлолияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳилаи нави бунёдкорию созандагӣ оғоз гардид.
Дар маҷлиси тантанавӣ судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба моҳият ва дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, зарурат ва моҳияти барномаҳои ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ ва Истиқлолияти давлатӣ ва таҳкими ҳокимияти судӣ сухан карда, нақши соҳибистиқлолии мамлакатро дар рушди босубот ва устувори мамлакат муҳим арзёбӣ намуданд.
АМИТ «Ховар»