Медали тиллои Комроншоҳи Устопириён дар Мусобиқаи байналмилалии Гран-прии Тошканд оид ба дзюдо, ки дирӯз дар пойтахти Ӯзбекистон ба поён расид, обрӯю нуфузи мамлакатро дар миёни кишварҳои ширкаткунанда боз ҳам боло бурд. Комроншоҳ дар вазни то 90 кило, ки дар он 12 паҳлавони номдор аз кишварҳои гуногуни ҷаҳон ширкат доштанд, ҳамаро мағлуб сохт.
Паҳлавони тоҷик силсилаи мусобиқотро аз даври дуюм шурӯъ карда, Достон Мелиеви ӯзбекистониро дар аввалин қувваозмоӣ ба шикаст рӯ ба рӯ кард ва бо паҳлавони дигари мизбон- Яҳё Имомов рӯи майдон омад. Ба дастгирии мухлисони сершумор нигоҳ накарда, Яҳё Имомов низ ба зӯри бозуи паҳлавони мо тоб наёвард ва таслим шуд. Дар мусобиқаи финалӣ Комроншоҳи Устопириён бо паҳлавони тавонои ӯзбек Дилшод Чориев барои унвони чемпионӣ ва медали тилло беш аз 10 дақиқа зӯр озмуд ва бо як усули зебо тавонист пирӯзии мутлақро дар ин вазн ба номи худ ихтисос диҳад. Бо медали тилло ба Комроншоҳ ҳамчунин ҷоизаи молӣ- 3 000 доллари амрикоӣ тақдим гардид.
Дар мусобиқаи Гран- прии шаҳри Тошканд ба ғайр аз Комроншоҳи Устопириён паҳлавонони дигари тоҷик, аз қабили Саидҷалол Саидов (то 100 кг), Сӯҳроб Боқиев (то 60), Муҳаммадкарим Сарахонов (то 66), Беҳрӯзи Хоҷазода (то 73), Кароматулло Ҳакимов ва Акмал Муродов (то 81) ва Эмомҷон Камолов (то 90) иштирок карданд. Ба Саидҷалол Саидов, ғолиби Ҷоизаи Президенти Тоҷикистон дар соли 2017 муяссар шуд, ки то вохӯрии нимфиналӣ роҳхат гирад.
Маълумотномаи АМИТ «Ховар»:
Комроншоҳи Устопириён 7 январи соли 1993 таваллуд шудааст. Соли 2015 факултаи тарбияи ҷисмонии Донишгоҳи давлатии Хуҷандро хатм кардааст. Ӯ аз сулолаи паҳлавонон Устопировҳо мебошад. Аз соли 2012 ба дзюдо машғул аст. Аввалин мураббиаш падараш Усто Устопиров мебошад.
Комроншоҳи Устопириён солҳои 2016 ва 2017 дар вазни то 90 кило дар шаҳри Тошканд унвони чемпиони Осиёро ба даст овардааст.
АМИТ«Ховар»