Медали биринҷии шиноварони тоҷик дар чемпионати Осиёи Марказӣ

Шиноварони тоҷик дар чемпионати Осиёи Марказӣ оид ба шиноварӣ дар намуди эстафетаи 4х50 миёни занон дар ҳайати Карина Климик, Анастасия Тюрина, Аниса Ҷӯраева ва Гулшан Шодиева соҳиби медали биринҷӣ шуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар доданд.
Мусобиқа 26-27 апрел дар пойтахти Туркманистон шаҳри Ашхобод доир гашт. Дар он 60 варзишгар аз 7 кишвар Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон барои медалҳо рақобат карданд. Аз ҷумҳурии мо дар ин чемпионат 12 нафар ширкат доштанд.
Дар ҳайати даставӣ Қирғизистон бо ба даст овардани 6 медали тилло, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ ғолиб шуд.
Ҷои дуюмро шиноварони Қазоқистон бо 4 медали тилло, 1 нуқра, 1 биринҷӣ соҳиб шуданд.
Мақоми сеюм бо 3 медали тилло, 6 нуқра ва 6 биринҷӣ насиби тими Эрон гардид.

Амит"ХОВАР"