Рамазон Раҳимзода моҳи сентябр дар ҷаласаи Шӯрои Вазирони корҳои дохилии ИДМ иштирок менамояд

ТВТ.03.09.2022. Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковник Рамазон Раҳимзода дар ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои дохилии ИДМ, ки 7-9 сентябри соли равон дар шаҳри Чӯлпон-Отаи Қирғизистон баргузор мешавад, иштирок менамоянд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил хабар медиҳад.

Дар ҷаласа ба ғайр аз Рамазон Раҳимзода ҳамчунин вазирони корҳои дохилии Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Русия ва Узбекистон ширкат меварзанд.

Дар назар аст, ки вазирон тадбирҳои муштараки мубориза бо ҷинояткорӣ дар кишварҳои Иттиҳодро баррасӣ намоянд.

Ёдовар мешавем, ки қаблан Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон чанд омилеро, ки барои кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай таҳдид доранд, номбар карда буд.

«Мо бояд талошҳои худро ба муқобили се зуҳуроти номатлуб – терроризм, экстремизм ва сепаратизм равона созем», — гуфт ӯ дар ҷаласаи чоруми вазирони корҳои дохилӣ ва амнияти ҷамъиятии кишварҳои узви СҲШ дар Тошканд.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Tags: