Маҷлиси тантанавӣ ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Имрӯз ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид. Дар он раёсат ва роҳбарони сохторҳои кумита иштирок намуданд.

Дар оғози маҷлис муовини якуми раиси Кумита Субҳиддин Шамсиддинзода ҳозиринро ба ифтихори ин санаи фархунда самимона табрику таҳният гуфта, дар бораи таърихи қабул, моҳият,  муқаррароти ин рамзи давлатӣ ва тадбирҳое, ки дар мамлакат ҷиҳати бузургдошти он амалӣ карда мешаванд, сухан кард.

Зикр шуд, ки 24-уми ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи  16-уми  Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Парчами давлатии Тоҷикистон   қабул карда шуд, ки  дар таҳия ва пешниҳоди он  олимон ва аҳли фарҳанг иштирок кардаанд. 11 декабри соли 1999 бо Қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомнома дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд. Ва 29 октябри соли 2009 дар Конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ бахшида ба таҷлили 15-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми наҷибе пешниҳод гардид, ки 24 ноябр Рўзи Парчами давлатӣ эълон ва ҳамасола ҷашн гирифта шавад. Аз ҳамон сол инҷониб Рўзи Парчами давлатии Тоҷикистон дар Ватани соҳибистиқлоли мо  ҳамчун ҷашни умумимиллӣ бо шукўҳу тантана таҷлил мегардад. Бо дарназардошти ин ва ба хотири гиромидошти нақши созандаву муассири парчам дар тарбияи ҳисси худогоҳиву худшиносӣ ва ватандўстиву ватанпарастии мардум, бахусус насли наврасу ҷавонони мамлакат соли 2010 бунёди манораи бузурги Парчами давлатӣ дар яке аз мавзеъҳои зеботарини пойтахти мамлакатамон шаҳри Душанбе оѓоз ёфт ва он дар арафаи 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ гардида, мавзеи ҷойгиршавии он «Майдони Парчам» номгузорӣ шуд.

Ин муҷтамеи фарҳангию таърихӣ, ки дар паҳлўи чапи Қасри миллат бо баландии 165 метр қомат афрохтааст, яке аз бузургтарин парчамҳои ҷаҳон буда, дар китоби рекордҳои Гиннес ворид гардидааст.

Дар идомаи маҷлис доктори илмҳои таърих, профессор Қаҳҳор Расулиён баромад намуда, доир ба ибтидоии парчамдории тоҷикон дар сарчашмаҳои таърихӣ маърӯза кард.  Қ.Расулиён қайд намуд, ки  парчамдории миллати тоҷик таърихи басо куҳан дошта ва аз қаъри асрҳо сарчашма мегирад. Дар нахусткитоби энсиклопедии ҷаҳон “Авасто” вожаи парчам бо номи дирафш ёд шудааст. Олими таърихшинос илова кард, ки “Таърихи парчами  ниёкони мо дар устураҳо  ба шӯриши Коваи оҳангар бар зидди зулму ситами Заҳҳок бармегардад. Дар он  ҳангом Кова барои он ки мардумро бар зидди Заҳҳок бархезонад, пешбанди чармии худро бар сари чӯбе кард ва онро боло бардошт то мардум гирди ӯ ҷамъ шаванд”.

Зимни суханронӣ Қ.Расулиён аз истифодаи парчам ёхуд дирафши ковиёна дар осори арзишманди ниёкони мо, аз ҷумла Муҳаммад Ҷарири Табарӣ, Абуалӣ  Муҳаммади Балъамӣ ва Абулқосим Фирдавсӣ ёдовар шуда, изҳор дошт, ки ҳаким Фирдавсӣ исёни Коваро бар зидди Заҳҳок  дар «Шоҳнома»-и безаволаш чунин тасвир намудааст:

Чу Кова бурун омад аз пеши шоҳ,
Бар ў анҷуман гашт бозоргоҳ.

Ҳаме бархурўшиду фарёд хонд,
Ҷаҳонро саросар сўи дод хонд.

Аз он чарм, к – оҳангарон пушти пой,
Бипўшиданд ҳангоми захми дарой.

Ҳамон Кова он бар сари найза кард,
Ҳамон гаҳ зи бозор бархост гард.

Дар фарҷоми сухан Қ.Расулиён таъкид намуд, ки бо суқуту нобуд гардидани “Дирафши Ковиёнӣ” суннати парчамдории тоҷикон аз байн нарафт.Парчами кунунии Тоҷикистони соҳибистиқлол, рангҳои он, рамзҳои он мантиқан идомаи «Дирафши Ковиёнӣ» ва рамзҳои ҷовидонаи ниёконамон буда, эҳтироми он вазифаи муқаддаси мост.  

Бояд гуфт, ки ба муносибати ҷашни муқаддаси миллиамон – 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳама шаҳру ноҳияҳои мамлакат, ҳатто дар маркази ҷамоату деҳоти ҷумҳурӣ парчампояҳои баланду бошукўҳ бунёд шуданд, ки ифтихори ҳар яки мо мебошад.

Чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ дар сохторҳои кумита низ гузаронида мешаванд.

Tags: