Мувофиқи маълумоти мутахассисони Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз, 17 август дар бештари минтақаҳои кишвар ҳавои камабри тағйирёбанда ва бебориш дар назар дошта шудааст. Ҳарорати ҳаво дар бештари ноҳияҳои кишвар то 2 дараҷа паст мегардад.
Бар асоси пешгӯии ин марказ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда шуда, дар ғарби вилоят шабона 8-13 ва рӯзона 25-30 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи ҳамин вилоят гармии ҳаво шабона ба 1-4 ва рӯзона ба 15-20 дараҷа мерасад.
Дар вилояти Хатлон ҳаво камабр гашта, гармии ҳаво дар водиҳо шабона 14-19 ва рӯзона 32-37 дараҷаро ташкил медиҳад. Ҳавои вилояти Суғд тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо ҳарорат шабона ба 13-18 ва рӯзона ба 28-33 дараҷа мерасад.
Дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабр шуда, ҳарорат шабона 12-17 ва рӯзона 30-35 дараҷаро ташкил медиҳад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда шуда, шабона 13-15 ва рӯзона 31-33 дараҷа гарм мешавад.
АМИТ "Ховар"