«Мо ҳавасманди шукуфоии кишвари Тоҷикистон ва аз ин ҳам беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардуми он ҳастем. Дар оянда кумаки худро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон мерасонем, то ба дастовардҳои назаррас ноил гардад»,-иброз намуд дар назди хабарнигорон Директори минтақавии Бонки ҷаҳонӣ оид ба Осиёи Марказӣ Лилия Бурунчук имрӯз баъди мулоқот бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Лилия Бурунчук изҳор дошт, ки бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон як суҳбати пурмуҳтаво доир намуданд. Дар доираи суҳбат масъалаи вазъияти иқтисодии имрӯзаи ҷумҳурӣ, мушкилоти мавҷуда ва роҳҳои нави ҳалли ин мушкилот баррасӣ гардиданд.
Директори минтақавии Бонки ҷаҳонӣ оид ба Осиёи Марказӣ зикр кард: «Барои амалӣ намудани чорабиниҳое, ки дар «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» дарҷ гардидаанд, барномаҳои мушаххасро амалӣ карда истодаем. Дар оянда ҳам дар ин ҷода кумаки худро давом хоҳем дод».
Директори иҷроияи Маркази рушди Вулфенсон Йоҳаннес Линн, ки дар мулоқот ҳузур дошт, аз сафари нахустинаш, ки соли 1998 сурат гирифта буд, ёдоварӣ намуда, зикр кард, ки: «Ҷумҳурии Тоҷикистон то имрӯз ба дастовардҳои ниҳоят бузург ноил гардидааст. Ман миннатдорам, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон моро қабул намуд. Дар доираи вохӯрӣ мо имкон доштем доир ба имкониятҳо ва мушкилоти Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан гӯем».
АМИТ «Ховар»