Субҳи имрӯз дар шаҳри Душанбе Симпозиуми байналмилалии Ҳадафи 6 рушди устувор (ҲРУ) ва супоришҳои ҳадафмандонаи «Таъмини дастрасии умум ба об ва беҳдошт» ба кори худ шурӯъ кард.
Дар Симпозиум намояндагони ҳукуматҳо ва роҳбароне, ки дар мавриди истифодаи захираҳои об метавонанд қарор қабул кунанд, коршиносони ташкилотҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ, намояндагони доираҳои академӣ, илмӣ ва соҳибкорӣ, ҳамчунин ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок доранд.
АМИТ «Ховар»