Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ аз Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ лавозимоти тиббӣ гирифт

Бо мақсади пешгирӣ аз паҳншавии коронавируси COVID-19 ва дар доираи татбиқи минбаъдаи ҳамкории дуҷонибаи байналмилалӣ дар самти пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими қабули лавозимоти тиббӣ аз кормандони дафтари намояндагии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар ин бора аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода мудофиаи граждании ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ин кумакҳо аз ду намуди дастпӯшҳои тиббӣ ва ниқобҳои яккарата  иборат буданд. Ҳамаи ин мавод барои пешгирии кормандон ва ҳайати шахсии Кумита аз сирояти коронавирус истифода хоҳанд шуд.

АМИТ «Ховар»

Tags: