Имрӯз Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ёвон дар вазъияти мутантан роҳи оҳани Душанбе-Қурғонтеппа-Кӯлобро расман мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Ин роҳи оҳан пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон-шаҳри Душанберо бо Вилояти Хатлон пайваст мекунад. Сохтмони хати роҳи оҳани Душанбе-Қурғонтеппа-Кӯлоб, ки аҳамияти минтақавию байналмилалӣ дорад, ҳанӯз моҳи марти соли 2009 шурӯъ шуда буд. Масофаи умумии он дар қитъаи Ваҳдат-Ёвон 41 км буда, дар ин масир 3 нақб ва 8 адад пули калону миёна сохта шудааст. Сарвари давлат ҳангоми вохӯрӣ бо сокинон ва сохтмончиёни роҳи мазкур иброз дошт, ки “сохтмони роҳи оҳан дар шароити кӯҳистон хеле мушкил аст. Азбаски тасмими Ҳукумати ҷумҳурӣ барои бунёди ин роҳ қатъӣ буд, аз ин хотир ҳамаи душвориҳо паси сар шуданд. Ин роҳ идомаи татбиқи яке аз ҳадафҳои стратегӣ-раҳоӣ бахшидани кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ мебошад”.
Воқеан хати роҳи оҳани Душанбе-Қурғонтеппа-Кӯлоб аз миёни талу теппаҳо, аз болои чандин дарёву рӯдхонаҳо ва дар се мавзеъ ба воситаи нақбҳо аз зери замин мегузарад. Пулу нақбҳоро дар ин масир дар давоми 1 сол Ширкати Идораи 19-уми роҳи оҳани Хитой ва ҶДММ “Муомилот” бунёд намудаанд. Дар сохтмони мазкур зиёда аз 23 корхонаи лоиҳакашию сохтмонии ватанӣ ва хориҷӣ иштирок кардаанд. Роҳи оҳани Душанбе-Қурғонтеппа-Кӯлоб бо маблағгузории Ҳукумати ҷумҳурӣ ва қарзи грантии Ҷумҳурии Мардумии Чин сохта шудааст. Дар муддати сохтмони роҳ 552 нафар сохтмончӣ бо ҷойи кор таъмин шуданд, ки аксарияти онҳо мутахассисон ва коргарони маҳаллӣ мебошанд.
Пешвои миллат дар мулоқот бо сокинон роҳи оҳани Душанбе-Қурғонтеппа-Кӯлобро туҳфаи арзандаи идона дар арафаи ҷашни 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мардуми шарифи Тоқикистон ва сокинони вилояти Хатлон номида, таъкид доштанд, ки бунёди роҳи мазкур ва дар маҷмӯъ, тамоми корҳои созандагию бунёдкориҳо дар мамлакат самараи соҳибистиқлолии Ватан ва сулҳу ваҳдати саросарӣ аст.
Сарвари кишвар дар суханронии худ зикр карданд, ки «Давлате, ки дар назди худ ҳадафи пешрафту тараққиётро гузоштааст, бе сохтмону азнавсозӣ кардан ва ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ гардонидани шабакаҳои дохилии коммуникатсионӣ рушди муназзаму устувори худро таъмин карда наметавонад. Маҳз ба ҳамин хотир, дар тӯли солҳои Истиқлолият ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои гузошташуда дар соҳаи нақлиёти кишвар 45 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии зиёда аз 12 миллиард сомонӣ татбиқ шуда, зиёда аз 2000 километр роҳҳои мошингард бунёду навсозӣ гардиданд ва беш аз 200 километр хати нави роҳи оҳан сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки баробари ба фаъолият шурӯъ намудани роҳи оҳани мазкур, масофаи роҳ ҳамагӣ 119 километрро дар бар гирифта, интиқоли як тонна бор тақрибан 37 сомониро ташкил хоҳад дод, ки нисбат ба хатсайри пешина қариб 115 сомонӣ арзон мебошад. Инчунин хати нави роҳи оҳани Душанбе — Қурғонтеппа — Кӯлоб на танҳо ҳамлу нақли молу маҳсулот, балки рафтуомади мусофиронро ҳам осону арзон гардонида, самаранокии иқтисодии яксолаи он 46 миллион сомониро ташкил медиҳад ва хароҷоти сохтмонро дар зарфи даҳ сол мепӯшонад.
Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста будани рушди инкишофи минбаъдаи ноҳияҳои вилояти Хатлонро ба бунёди роҳи оҳани Душанбе — Қурғонтеппа — Кӯлоб таъкид намуда, иброз доштанд, ки роҳи оҳан омили муҳими тараққиёти соҳаи саноат ба ҳисоб рафта, имкон медиҳад, ки дар шаҳру ноҳияҳои гуногуни вилояти Хатлон боз даҳҳо корхонаҳои нави саноатӣ бунёд гардида, рушди босуботи шаҳру ноҳияҳои вилоят ва мамлакат таъмин карда шавад.