Имрӯз Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода Вазири меҳнат ва шуғли Ҷумҳурии Корея Ли Ки-Квонро, ки бо сафари корӣ дар шаҳри Душанбе қарор дорад, ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои маҷмӯи муносибатҳои миёни Тоҷикистону Кореяро, ки 27 апрели соли 1992 барқарор шудаанд, баррасӣ намуда, роҳҳои вусъати минбаъдаи онҳоро муҳокима намуданд.
Ҷонибҳо тамоюли мусбат дар ҳамкории ду кишвар дар давоми 25 соли гузашта, аз ҷумла фаъол гардидани кори Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ, инчунин зарурати нигоҳ доштани иртибот ва муколамаҳои мунтазами сиёсӣ дар сатҳи олӣ ва болоиро бо қаноатмандӣ таъкид намуданд.
Зарурати воқеии имрӯзаи дар амал фаъол гардонидани ҳамкории фарҳангӣ ва гуманитарии миёни ду кишвар зикр гардид.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо бори дигар тасдиқ намуданд, ки соҳаҳо барои кӯшишҳои муштарак зиёданд ва сохторҳои марбутаи ҳарду давлатро зарур аст, ки бо мақсади ба сатҳи сифатан нави рушд баровардани маҷмӯи робитаҳои байнидавлатӣ мунтазам фаъолият кунанд.
Дар ин замина, ҷонибҳо ба масъалаи густариши равобит дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ ҳамчун омили муҳими татбиқи нақшаву барномаҳо дар самти таъмини аҳолӣ бо шуғл таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ба диверсификатсияи муташаккилона сафарбар шудани неруҳои корӣ ба хориҷи кишвар таваҷҷуҳ зоҳир карда, зарурати тезонидани таҳия ва омода намудани лоиҳаи Созишномаи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ ва ҳифзи иҷтимоии муҳоҷирони меҳнатиро, ки дар баррасии ҷонибҳо қарор дорад, махсус таъкид сохт.
Дар хотимаи суҳбат Қоҳир Расулзода ба Вазири Ҷумҳурии Корея дар корҳояш муваффақият хоста, баманфиат будани кӯшишҳои умумӣ барои расидан ба натиҷаҳои назаррас дар кори густариши муносиботи дӯстона ва таҳкими ҳамкории мутақобилан судманди ду кишварро таъкид намуд.
АМИТ "Ховар"