Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои банди 38 Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни боздид аз иншооти шаҳри Душанбе ва мулоқот бо кормандони соҳаи тандурустӣ 20 майи соли 2020 баён доштанд, бо мақсади то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ бунёд намудани беморхонаҳои сироятӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар мувофиқа бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ лоиҳаҳои намунавии беморхонаҳои сироятиро барои 30 ва 50 ҷой таҳия намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Лоиҳаҳои кории қисмҳои нақшаи генералӣ, ҳалли меъморию тарҳбандӣ, технологӣ, конструктивӣ, шабакаҳои муҳандисӣ ва иншооти ёрирасон, ки дар нақшаи генералӣ пешбинӣ шудааст, таҳия гардида, аз экспертизаи давлатии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ гузаронида шуданд.
Масъулини вазорату идораҳо, мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ метавонанд вобаста ба маҳал лоиҳаи заруриро интихоб намуда, барои дастрас намудани лоиҳаи кории беморхонаи сироятӣ барои 30 ҷой ба КВД «Лоиҳакаш» (воқеъ дар шаҳри Душанбе, кўчаи Ш. Ҳусейнзода, 34, ошёнаи 4) тавассути телефонҳои 227-78-00 ва 227-78-44 муроҷиат намоянд.
Ҳамчунин онҳо ̄ метавонанд вобаста ба маҳал лоиҳаи заруриро интихоб намуда, барои дастрас намудани лоиҳаи кории беморхонаи сироятӣ барои 50 ҷой ба КВД «Пажўҳишгоҳи илмию тадқиқотии «Сохтмон ва меъморӣ» (воқеъ дар шаҳри Душанбе, кўчаи Ш.Ҳусейнзода, 34, ошёнаи 3) тавассути телефонҳои 227-77-60 ва 227-77-61 муроҷиат намоянд.
Пас аз интихоби лоиҳа ҷойгиронии иншоот дар маҳал тибқи тартиби муқарраргардида бо дастрасии хулосаи ҷустуҷӯҳои геологию топографӣ аз ҷониби фармоишгар тавассути корхонаҳои фаръии Корхонаи воҳиди давлатии «Лоиҳакаш»-и Кумита, ки дар шаҳру ноҳияҳо фаъолият менамоянд, амалӣ карда мешавад.
Барои дастрасии маълумоти иловагӣ шахсони масъул метавонанд ба Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (шаҳри Душанбе, кӯчаи Ш.Ҳусейнзода, 36) бо телефонҳои 223-02-00 ва 227-36-59 ё тавассути почтаи электронии info@tajsohtmon.tj ва ё сомонаи www.tajsohtmon.tj муроҷиат намоянд.