18 декабр Кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон зимни ҷаласаи ҷамъбастӣ аз 8 то 10 адад зиёд кардани дастаҳоро дар Лигаи олӣ иҷозат дод. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар доданд.
Бино ба иттилои манбаъ, ба 7 дастаи Лигаи олӣ се дастаи Лигаи якум ҳамроҳ мешаванд. Дастаи «Панҷшер», ки дар мавсими имсола ҷои охирро ишғол кард, ба Лигаи якум гузашта, чор дастаи дигар: «Локомотив-Помир», «Файзканд», «Душанбе-83» ва «Парвоз» имкони дар Лигаи олӣ бозӣ кардан доранд. Вале танҳо 3 дастае роҳхат мегиранд, ки шарту шароити литсензионии Лигаи футболи Тоҷикистон ва Конфедератсияи футболи Осиёро иҷро мекунанд.
Чемпионати Тоҷикистон дар мавсими 2020 охири моҳи март шурӯъ шуда, дар се марҳила доир мегардад. Ҳар даста 27 бозӣ анҷом медиҳад.
Бино ба қарори қабулнамудаи Кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар мавсими соли ояндаи Лигаи олӣ дастаҳое, ки ҷойҳои нуҳум ва даҳумро ишғол мекунанд, дар мавсими соли 2021 ба Лигаи аввал мегузаранд. Барандагони медалҳои тилло ва нуқраи Лигаи аввал дар мавсими соли 2020 ҳаққи иштирок дар Лигаи олиро дар мавсими соли 2021 пайдо мекунанд.
Ҳамчунин ёдовар мешавем, ки аз тарафи аъзои Кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон лоиҳаи Маркази техникии Федератсияи футболи мамлакат, ки сохтмонаш соли оянда шурӯъ мегардад, тасдиқ гардид.
Ба иттилои ноиби аввали президенти федератсия Хуршед Мирзо, Маркази техникии дастаҳои мунтахаби мамлакат дар минтақаи Варзоб ҳамчун пойгоҳи тамринӣ барои дастаҳои мунтахаби ҳамаи синну соли ҷумҳурӣ сохта мешавад. Марказ дорои меҳмонхона, маркази тиббӣ-тавонбахшӣ, майдонҳо барои тамрин ва толорҳо хоҳад буд.
АМИТ «Ховар»