Кормандони Гурӯҳи фаврии КДАМ ҶТ 86 кг маводи мухаддир дарёфт ва мусодира карданд

6 ноябр соати 02:00-и дақиқа, дар рафти амалиёти махсуси кормандони Гурӯҳи фаврии КДАМ ҶТ дар шоҳроҳи ноҳияи Ш. Шоҳин – шаҳри Кӯлоб, ки наздик ба сарҳади давлатӣ бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон мебошад, фаъолияти гурӯҳи трансмиллии нашъаҷаллоб ошкор гардид. Дар рафти ин амалиёт аъзои фаъоли он — сокини шаҳри Кӯлоб Ҳоким Исмоилов боздошт гардида, аз ӯ ба миқдори махсусан калон – 86 кг маводи мухаддир дарёфт ва мусодира карда шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маркази робитаҳои ҷамъиятии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Аз рӯи нишондод бармеояд, ки ин маводи мухаддирро боздоштшуда аз ҳаммаслаки ҷиноятпешааш — шаҳрванди ҶИА Ҳоҷӣ Самеъ валади Ҳоҷӣ Сафеъулло, сокини вилояти Қундуз дастрас карда, қасд доштааст онро бо роҳи қочоқ ба хориҷи кишвар интиқол диҳад.

Нисбат ба ҳолати мазкур бо моддаҳои 195, 200, 289 ва 335-и Кодекси ҷиноятии ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишоти пешакӣ идома дорад.

АМИТ «Ховар

Tags: