Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон (ТҶҶ) «Созандагони Ватан» дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров миёни ҷавонон ҳамоиш доир кардааст.
Тавре аз ТҶҶ «Созандагони Ватан» ба АМИТ “Ховар” хабар додаанд зимни ҳамоиш филми ҳуҷҷатӣ бо номи «Эмомалӣ Раҳмон ва ҷомеаи ҷаҳонӣ» намоиш дода шуд. Филми мазкур солҳои 1992-1997, зимни баргузории Иҷлосияи 16- уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кӯшишҳои Пешвои миллатро доир ба бастани Созишномаи истиқрори сулҳ дарбар мегирифт.
Дар ҳамоиш ҷавонон андешаҳои худро доир ба филм ва ҳамоиш баён намуда, ваъда доданд, ки ба қадри Истиқлолият, сулҳу оромии Ватан мерасанд ва барои ободии Тоҷикистон хизмат менамоянд.
Бояд гуфт, ки чунин ҳамоишҳо таҳти унвони «Ҷавонон- қувваи пешбарандаи ҷомеа» дар шаҳри Истиқлол ва ноҳияи Спитамен низ доир гардид.