Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 5 декабри соли 2017 №566
ш. Душанбе

Дар бораи аз вазифаи муовини Вазири
корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
озод намудани Ҳақдод М.М.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Ҳақдод Маҳмадшариф Маҳмуд бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 5 декабри соли 2017 №567
ш. Душанбе

Дар бораи муовини Вазири
корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Саидзода З.О.

 

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Саидзода Зоҳир Озод муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон