5 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар як қатор шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ҷиҳати иштирок дар тантанаҳои ҷашнӣ ба ифтихори солгарди 30-юми Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Кӯлоб ташриф оварданд.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб Сарвари хирадпеша ва ояндасоз — Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро роҳбарияти вилояти Хатлон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ва шумораи зиёди сокинони шарафманди ин шаҳри бостонӣ бо шаҳомати хосса истиқбол гирифтанд.
АМИТ «Ховар»