Қоҳир Расулзода бо ҷараёни корҳои сохтмонию навсозӣ дар Душанбе ва ноҳияҳои минтақаи Бохтар шинос гардид

Дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати  миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти татбиқи сифатноки лоиҳаҳои хурду бузурги сохтмон, таҷдид ва навсозии роҳҳои дорои аҳамияти ҷумҳуриявию байналмилалӣ, вусъати корҳои ободонӣ ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, рушди соҳаи кишоварзӣ ва тақвияти корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ чанде қабл Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтари вилояти Хатлон бо ҷараёни корҳои сохтмонию навсозии иншооти роҳу нақлиёт ва кишоварзию соҳилмустаҳкамкунӣ шинос шуд.

Сараввал  Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода аз раванди корҳои сохтмонии эстакада дар майдони Абўали Ибни Сонои шаҳри Душанбе дидан кард.

Эстакаи мазкур дар доираи амалишавии лоиҳаи «Таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе-Турсунзода сарҳади Ӯзбекистон» сохта шуда, муҳлати корҳои созандӣ ду сол муайян шудааст.

Дар сатҳи дуюми эстакада роҳи давродаврие бунёд мегардад, ки ҳаракати нақлиёт дар он тавассути чароғакҳо идора мешавад.

Дар сатҳи сеюм аз самти шарқ ба ғарб кӯпрук, ки дарозиаш 122 метрро ташкил медиҳад, мегузарад. Дар лоиҳаи мазкур сохтмони роҳҳои зеризаминӣ низ барои роҳгузарон пешбинӣ шудааст.

Ҷиҳати анҷоми корҳо дар иншооти макур 377 нафар сохтмончӣ  ҷалб гардида, 81 техникаи махсуси роҳсозӣ истифода мешаванд.

Сипас Сарвазири мамлакат бо ҷараёни татбиқи марҳилаи аввали лоиҳаи сохтмону навсозии шоҳроҳи Душанбе-Бохтар шинос шуд.  Хотиррасон мешавем, ки татбиқи лоиҳаи марҳилаи аввали  корҳои сохтмону навсозӣ дар ин шоҳроҳи байналмиллалӣ 3 сол муайян шуда, он бояд то моҳи октябри соли 2020-ум мутобиқ ба талаботи меъёрҳои байналмилалии роҳсозӣ анҷом дода шавад.

Корҳои сохтмонӣ дар ин шоҳроҳ дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вусъат бахшида шуда, айни замон 200 нафар мутахассисон бо истифодаи беш аз 100 техникаи соҳавӣ корро дар 35 мавзеъ идома дода истодаанд.

90 дарсад  коргарони дар татбиқи ин лоиҳа фаъолияткунанда аз ҳисоби аҳолии маҳаллӣ мебошанд.

Баробари мусоид гардидани ҳаво дар 50 мавзеъ корҳои сохтмону навсозии роҳ ташкил карда мешаванд.

Мавриди зикр аст, ки марҳилаи аввали лоиҳаи сохтмон ва навсозии шоҳроҳи «Душанбе-Бохтар» 33,2 километрро фаро  гирифта, баъди татбиқи лоиҳа, роҳ аз категорияи “III“-юм ба категорияи “1-Б” гузаронида мешавад. Паҳноии роҳ аз 16 то 25 метрро ташкил медиҳад.

Фармоишгари иншоот Маркази татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳои Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, машваратчии байналмилалӣ Ширкати машваратии “КОКС”-и Германия, машваратчии маҳаллӣ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Автострада” ва пудратчӣ Корпоратсияи сохтмони роҳҳо ва кӯпрукҳо “Синдзян Бейсин” мебошад.

Ҳамчунин Сарвазири мамлакат бо ҷараёни корҳои сохтмонию навсозии марҳилаи дуюми лоиҳаи сохтмону навсозии  роҳи мошингарди Душанбе-Бохтар шинос шуд.

Марҳилаи дуюми сохтмони ин шоҳроҳ 39, 6 километро дар бар гирифта, мувофиқи лоиҳа дар ин қитъа як пул, 46 адад қубури обгузар, мавзеи чорвогузар,  18 адад истгоҳ ва 3 адад гузаргоҳ сохта шуда, роҳ ба категорияи якуми роҳсозӣ мутобиқ гардонида мешавад.

Айни замон дар ин қитъа корҳои омодасозии роҳ идома дошта, мувофиқи нақша он бояд соли 2021 мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шавад.

Сипас  Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо  корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти далатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тадбирҳои  соҳилмустаҳкамкунӣ ва кишоварзӣ дар шаҳри Бохтар, ноҳияҳои Хуросону Кӯшониён, Дўстӣ ва Ҷайҳун шинос шуд.

Таъкид кардан ба маврид аст, ки дар ноҳияҳои минтақаи Бохтари вилояти Хатлон раванди корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ бо ҷалби сокинон идома дорад. Бояд гуфт, ки хавфи обхезӣ дар ин минтақаҳо хеле зиёд аст ва ҳамасола бо сабаби баланд гардидани сатҳи оби дарё аҳолӣ ва иншоот дар ин минтақаҳо зарари зиёд мебинанд.

Аллакай маҷрои об ба манзилҳои истиқоматии сокинон наздик шудааст, ки хатари хеле зи  ёд дорад.

Вобаста ба ин Сарвазири мамлакат аз масъулон талаб намуд, ки дар ин самт ҳарчи зудтар тадбирандешӣ карда, ҷиҳати ҷалби сармоя ва амалӣ сохтани лоиҳаҳо чора бинанд, зеро тадбирҳое, ки айни замон ҷиҳати пешгирии хавфи обхезӣ амалӣ гардонида шуда истодаанд, наметавонанд пурра дигаргуншавии  маҷрои оби дарёро пешгирӣ намоянд.

Дар самти соҳаи кишоварзӣ хоҷагидорони ноҳияҳои минтақаи Бохтари вилояти Хатлон таҷрибаи зиёд дошта, саҳми онҳо дар яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон-таъмини амнияти озуқаворӣ  бузург аст.

Кишоварзони минтақа парвариши лимӯ, қулфинай, картошка, карам ва дигар намуди маҳсулоти мавриди ниёзи аввали сокинонро ҳам дар гармхонаҳо ва ҳам зери плёнка ба роҳ мондаанд.

Хоҷагидорону кишоварзони вилояти Хатлон барои ба даст овардани ҳосили баланд аз таҷрибаи пешрафтаи соҳаи кишоварзӣ истифода намуда, дар таъмини бозори истеъмолии мамлакат бо маҳсулоти хушсифати кишоварзӣ нақши назаррас доранд.

Сарвазири мамлакат аз масъулони вилояти Хатлон талаб намуд, ки барои хоҷагидорону кишоварзон ҷиҳати боз ҳам рушд додани соҳа ва барои содироти бештари маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ имконияти созгор фароҳам оваранд ва баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми имконотро самаранок истифода намоянд.

АМИТ «Ховар»

Tags: