Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Панҷакент дар тантанаҳои идонаи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ иштирок карданд

14 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президентии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тантанаҳои бошукуҳи идонаи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ, ки дар варзишгоҳи марказии шаҳри Панҷакент баргузор шуд, иштирок ва суханронӣ карданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кулли сокинони вилояти Суғд, аз ҷумла шаҳри Панҷакенти бостониро ба ифтихори ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ самимона табрик гуфта, барои истиқболи гарму самимӣ изҳори сипос намуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таърихи Наврӯз ва анъанаҳои ин ҷашни хусравонӣ андешаронӣ карда, ба мардуми ватандӯсти вилояти Суғд ва шаҳри Панҷакент барои арҷгузорӣ ва идомаи расму оини аҷдодон -созандагию ободонӣ изҳори сипос намуданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз таърихи бою қадимаи давлату миллати сарбаланди тоҷик ёдовар шуда, таъкид доштанд, ки Панҷакент яке аз мавзеъҳои бостонии кишварамон мебошад. Шаҳр бо имкониятҳои бузурги истеҳсолии худ яке аз минтақаҳои бузурги саноатии мамлакат ба ҳисоб рафта, дар рушди иқтисоди миллӣ саҳми назаррас дорад.

Тибқи таҳлилу мушоҳидаҳо вазъи иқтисодиву иҷтимоии шаҳр сол ба сол беҳтар гардида, дар аксари соҳаҳо пешравиҳо ба назар мерасанд. Тайи замони соҳибистиқлолӣ бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ва бо ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ дар шаҳри Панҷакент беш аз 80 корхонаву коргоҳҳои нави истеҳсолӣ бунёд карда шудаанд, ки барои ғанӣ гардидани буҷети маҳаллӣ, бо шуғл таъмин намудани аҳолӣ ва баланд бардоштани сатҳи даромади мардум саҳми калон гузошта истодаанд.

Бояд гуфт, ки дар доираи Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳри Панҷакент барои солҳои 2021 — 2025 татбиқи 118 лоиҳа ба маблағи 1 миллиарду 860 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст. Ҳоло дар шаҳри Панҷакент аз ҷониби Ҳукумати мамлакат 8 лоиҳаи сармоягузорӣ дар бахшҳои тақвияти таҳсилот, обтаъминкунӣ, тиҷоратикунонии соҳаи кишоварзӣ, беҳтаргардонии низоми интиқоли барқ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим амалӣ гардида истодааст.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми сокинони шаҳри Панҷакент, бахусус соҳибкорони ватандӯстро дар рушду пешрафти шаҳр ва истиқболи сазовори 30-солагии истиқлоли давлатӣ шоистаи таҳсин номиданд. Сокинони шаҳри бостонии Панҷакент ба истиқболи ҷашни бузурги сисолагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон 447 иншооту биноҳои таъиноти гуногунро сохта, ба истифода супоридаанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итиминон изҳор доштанд, ки чунин амалҳои созанда дар оянда вусъати бештар касб мекунанд ва то 35 — солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон шаҳри Панҷакент бо бунёди садҳо иншооти нав боз ҳам ободу зебо гардида, дар он барои сокинон ва сайёҳону меҳмонон шароити муосири зиндагӣ ва истироҳату фароғат фароҳам оварда мешавад.

Президенти мамлакат оид ба вазъи ногувори сиёсию иқтисодии ҷомеаи ҷаҳонӣ ва таъсири он ба иқтисодиёти кишвар андешаронӣ карда, бори дигар ба мардуми шарифи Тоҷикистон муроҷиат карданд, ки дар шароити ниҳоят мураккаби ҷаҳони имрӯза содиқонаву софдилона заҳмат кашанд ва ҳамаи имкониятҳоро барои таъмини зиндагии шоистаи хеш истифода баранд.

Панҷакент яке аз шаҳрҳои қадимӣ буда, дар таърихи кишвар мақому манзалат ва ҷойгоҳи баланд дорад.

Бинобар ин Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарур шумурданд, ки ба истифодаи ҳамаҷонибаи имкониятҳои мавҷудаи шаҳр, рушди ҳунармандӣ, аз ҷумла ҳунарҳои мардумӣ, пешрафти соҳаи сайёҳӣ ва ба муаррифии шоистаи сарзамин эътибори аввалиндараҷа дода шавад.

Дар охир Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо эътимоди комил иброз доштанд, ки мардуми бонангу номуси шаҳри бостонии Панҷакент бо заҳмати созанда ва иқдомоти бунёдкорона диёри худро дар ояндаи наздик ба яке аз гӯшаҳои ободу пешрафтаи кишвар ва макони зебои сайру саёҳат табдил медиҳанд.

Баъди суханронии Сарвари давлат аз ҷониби аҳли ҳунари вилояти Суғд барномаи бошукуҳи фарҳангӣ пешкаши ҳозирин карда шуд, ки тараннумгари сулҳу ваҳдати пойдор, истиқлоли давлатӣ ва таърихи бойи тоҷикон буд.

АМИТ «Ховар»

Tags: