Қодири Қосим, собиқ Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дирӯз ба мақоми Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон интихоб гардидааст.
Ба иттилои ин иттифоқ зимни ҷаласаи навбатии Шӯрои Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, ки дирӯз доир гардидааст, собиқ Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон Салимзода Шерхон Одина бинобар ба кори дигар гузаштанаш аз вазифа даст кашида, ба ҷои ӯ Қодири Қосим, собиқ Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии кишвар таъин шудааст. Гуфта мешавад, баъди интихоби Раиси нави Федератсияи иттифоқҳои касаба масъалаҳои корӣ, аз ҷумла, рафти иҷрои буҷети Федератсияи иттифоқҳои касаба дар соли 2016, дар бораи тасдиқи буҷети Федератсияи иттифоқҳои касаба дар соли 2017, инчунин нақшаи чорабиниҳои Федератсияи иттифоқҳои касаба доир ба Соли ҷавонон эълон гардидани соли 2017 мавриди муҳокима қарор гирифтаааст. Ҳамзамон котиби Шӯрои ҷамъиятӣ Нуралӣ Саидов доир ба нуктаҳои муҳиме, ки дар маърӯзаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба мақом ва нақши Шӯрои ҷамъиятӣ дар демократикунонии ҷомеъа» иброз гардида буданд, гузориш манзур намудааст. Дар кори ҷаласаи ин созмони бонуфузи ҷамъиятӣ Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеъа Абдуҷаббор Раҳмонзода иштирок намуда , дар охири маҷлис оид ба иҷрои нуктаҳои муҳими Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, суханронии ӯ дар мулоқот бо фаъолону масъулони шаҳри Душанбе ҷиҳати ободонии пойтахти кишвар, инчунин вазифаҳои иттифоқҳои касаба дар марҳалаи нави рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намудааст.