Дар вилояти Хатлон нахустин форуми тиҷорати маҳсулоти боғдорӣ доир карда шуд

Дирӯз, 8 август, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар ҳамкорӣ бо Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) нахустин  Форуми тиҷорати маҳсулоти боғдориро  доир намуд.

Форуми мазкур ду рӯз давом карда, имкониятҳои ҳамкорӣ ва бунёди шабакаи додугирифтро барои зиёда аз 300 истеҳсолкунандагони боғдор, фурӯшанда ва харидори маҳсулоти боғдорӣ аз Тоҷикистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон фароҳам намуд. Иштироккунандагон инчунин роҳҳои  ҳалли инноватсиониро барои танзими савдо ва ривоҷи содироти маҳсулоти боғдорӣ дар Осиёи Марказӣ баррасӣ намуданд.

Вилояти Хатлон дар айни замон дорои иқтидори истеҳсолии густурдаи боғпарварӣ дар Тоҷикистон мебошад. Деҳқонони вилоят ҳатто бинобар ба даст овардани аввалин ҳосили мавсимӣ дар Осиёи Марказӣ нисбат ба дигар истеҳсолкунандагони минтақа бартарии калидӣ доранд. Ҳадафи ин форум бунёд кардани робитаҳо миёни боғдорони вилояти Хатлон ва харидорон аз вилояти Суғд ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошад, ки он ба қарордодҳои тиҷоратии мутақобилан судманд асос мегузорад.

Рӯзномаи форум инчунин ҳамоишҳои  гуногунро оид ба таҷрибаҳои пас аз ҷамъоварии ҳосил, моделҳои идоракунии нигоҳдории сард, маълумот дар бораи нақлиёт ва логистика дарбар гирифт. Маркази тиҷорати байналмилалӣ дастурҳои тадриҷиро оид ба тарзи содироти маҳсулот бо роҳи дастгирии мустақим аз портали мусоидат ба тиҷорати худ пешниҳод намуд.

USAID cоҳаи кишоварзии вилояти Хатлонро аз соли 2012 тавассути барномаи ҷаҳонии ИМА оид ба рафъи камбизоатӣ «Озуқаворӣ ба хотири оянда» дастгирӣ мекунад, ки он кӯшишҳоро бо мақсади таъмини ҳуқуқи истифодаи замин барои деҳқонон, омӯзиш дар бораи таҷрибаҳои замонавии истеҳсол ва ҷамъоварии ҳосил, васеъ кардани иншооти нигоҳдории сард ва беҳтар намудани сифати таҷҳизоту тухмиҳо дарбар мегирад. Оилаҳои деҳқонон  дар бораи тандурустӣ ва маводи ғизоӣ маълумотҳори муфид мегиранд. Ин барномаҳо ҳоло дар якҷоягӣ бо лоиҳаҳои тиҷоратии минтақавии USAID, ба монанди Фаъолиятҳои USAID дар соҳаи рақобатпазирӣ, тиҷорат ва шуғл дар Осиёи Марказӣ, бо мақсади таъмин намудани дастрасии бештари истеҳсолкунандагони боғдор ба бозорҳои маҳаллӣ, минтақавӣ ва байналхалқӣ ҳамкорӣ мекунанд.

Лоиҳаи Фаъолиятҳои USAID дар соҳаи рақобатпазирӣ, тиҷорат ва шуғл дар Осиёи Марказӣ ба рушди  савдо ва шуғл дар соҳаи боғдорӣ, сайёҳӣ, нақлиёт ва логистика дар   иқтисодиёти  панҷ кишвари Осиёи Марказӣ мусоидат мекунад. USAID тавассути кӯмак барои бештар рақобатпазир шудани ширкатҳо дар минтақа ва бо ҳалли монеаҳои байнисарҳадии савдо ба рушди бахши хусусии бештар гуногуну рақобатпазир ва афзоиши содирот  кӯмак мерасонад.

Хотиррасон менамоем, ки Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (АРБ ИМА) англ. United States Agencyfor International Development, USAID) – мақомоти марказии идораи давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар самти кӯмак ба кишварҳои хориҷӣ мебошад. Роҳбари Агентӣ ва муовини ӯ аз ҷониби Президент дар мувофиқа бо Сенат таъйин гардида, дар ҳамкорӣ бо Котиби давлатии ИМА фаъолият мекунанд.

АМИТ«Ховар»

Tags: