Тарҳи баргузории мусобиқоти Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё дигар шуд

Тарҳи баргузории мусобиқоти Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиёро Кумитаи иҷроияи ин ниҳод дар ҷаласаи худ, ки дар шаҳри Абу Дабии АМА ба анҷом расид, дигар кард. Дар ин бора сомонаи www.the-afc.com хабар медиҳад.
Манбаъ иттилоъ медиҳад, ки «аз соли оянда сар карда, ин мусобиқа дар панҷ минтақаи Осиё сурат мегирад ва аз Ғарби Осиё дастаи ғолиб мустақиман ба бозии ниҳоӣ роҳхат мегирад. Аз чор минтақаи дигари Осиё: Шарқ, АСЕАН, Марказ ва Ҷануби Осиё баъди анҷоми мусобиқоти байниҳамдигарӣ як дастаи дигар ба бозии ниҳоӣ роҳ меёбад ва дар финал бо ғолиби минтақаи Ғарби Осиё қувва месанҷад».
Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе, чемпиони панҷкаратаи Тоҷикистон ҳунарнамоиро дар Ҷоми КФО -2017 аз бозиҳои гурӯҳӣ шурӯъ мекунад. «Ҳосилот»-и Фархор аз марҳалаи плей-офф ба рақобат пардохта, дар ду марҳала барои ба бозиҳои гурӯҳӣ шомил шудан мубориза мебарад.
Сомонаи ФФТ иттилоъ медиҳад, ки «Ҳосилот» дар марҳалаи аввал бо чемпиони Афғонистон қувва меозмояд ва дар сурати ғолиб омадан, баъдан бо ғолиби ҷуфти дастаҳои «Балкан»-и Туркманистон ва «Дурдой»-и Қирғизистон муборизаро барои Ҷом идома медиҳад. «Бозиҳои плей-офф аз ду вохӯрӣ иборат мебошанд. Ғолиби ин бозиҳо ба гурӯҳи дастаҳои «Истиқлол», «Алтин асир»-и Туркманистон ва «Олой»-и Қирғизистон ҳамроҳ мешавад»,-хабар додааст манбаъ.
Ёдрас мешавем, ки танҳо ғолиби гурӯҳ ба бозиҳои минбаъда роҳхат мегирад.

АМИТ «Ховар»

Tags: