Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба диққати шаҳрвандони ҷумҳурӣ мерасонад, ки ҳангоми ба кирдорҳои коррупсионӣ ё дигар ҳаракатҳои ғайриқонунӣ даст задани кормандони милитсия онҳо метавонанд ба воситаи «Телефони боварӣ»-и Вазири корҳои дохилӣ- 221-21-21 занг зада, ҳолати мазкурро пешгирӣ намоянд.
Тавре аз ин Вазорат хабар доданд, шаҳрвандони мамлакат ҳамчунин метавонанд ҳангоми ба кирдорҳои коррупсионӣ ё дигар ҳаракатҳои ғайриқонунӣ даст задани кормандони милитсия ба «Хабарнигори фаврӣ»-и Вазорати корҳои дохилӣ бо рақами телефони мобилии + 992 939 222 111 тариқи шабакаҳои иҷтимоии Вайбер (Viber), Ватсап (WhatsApp), ИМО (IMO), Телеграмм (Telegrams), Вичат (WeChat) занг зада, ҳолатҳои мазкурро пешгирӣ намоянд.
Ба иттилои манбаъ, махфияти муроҷиаткунандагон кафолат дода мешавад.
АМИТ "Ховар"