28 сентябри соли равон дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи дуюми Гурӯҳи кории техникӣ барои пешбурди масъалаҳои Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротию воридотӣ ва транзити молҳои Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо баргузор гардид.
Дар ҷаласа муовини сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Ҳайдар, роҳбари гурӯҳи Лоиҳаи дастгирии институтсионалӣ ва техникии Равзанаи ягонаи ширкати «Краун Агенте» Триш Баррет, роҳбарони КВД «Маркази Равзанаи ягона» ва намояндагони вазорату идораҳои дахлдор иштирок карданд.
Ба андешаи Азим Ҳайдар, имрӯз яке аз масъалаҳои муҳим- ин омӯзиш ва таҳлили қонунгузорӣ ҷиҳати ба роҳ мондани мубодилаи электронии ҳуҷҷатҳо байни мақомоти давлатӣ ва соҳибкорон аст, ки имконияти Равзанаи ягонаро пурра менамояд.
Триш Баррет, роҳбари гурӯҳи Лоиҳаи дастгирии институтсионалӣ ва техникии Равзанаи ягонаи ширкати «Краун Агенте» дар бораи инкишоф ва такмили минбаъдаи низоми иттилоотии Равзанаи ягона, ҳамгироии ин низом бо низоми иттилоотии автоматонидашудаи ягонаи Хадамоти гумрук бо дигар сохторҳои давлатӣ сухан гуфта, зикр кард, ки лоиҳаи мазкур то соли 2018 амалӣ мегардад.
Баррасии лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳукуқӣ ҷиҳати ба роҳ мондани мубодилаи электронии ҳуҷҷатҳо байни мақомоти давлатӣ ва соҳибкорон бо мақсади пешниҳод намудан ба Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо яке аз масъалаҳои муҳими ин ҷаласа ба шумор мерафт.
АМИТ "Ховар"