Тавре қаблан хабар дода будем, 31 декабр аз соати 20:00 то 22:00 дар майдони «Дӯстӣ»-и пойтахт шоу-барномаи солинавӣ баргузор мегардад. Ҳамзамон дар ин рӯз дар чор ноҳияи пойтахт, аз ҷумла, дар «Майдони 800-солагии Москва», Амфитеатри «Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ», хиёбони Сино, назди Филармонияи давлатии Тоҷикистон ва Сирки давлатии Тоҷикистон, ки арчаҳои идона гузошта шудаанд, барномаҳои фарҳангию фароғатӣ бо иштироки ҳофизону ҳаҷвнигорони маъруфи мамлакат баргузор мегарданд.
Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар доданд, баъди анҷоми барномаҳои фарҳангӣ дар 5 макони баргузории барномаҳои солинавӣ ба муддати 4 дақиқа мушакҳои ранга паронда мешаванд.
Бино ба иттилои муовини директори Муассисаи давлатии «Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе» Шарофиддин Талабов, арчаи имсолаи солинавӣ дар майдони «Дӯстӣ», ки дар баландии 25 метр қомат афрохтааст, бо муосиртарин таҷҳизоти ороишӣ зебу зиннат дода шуда, дар он ситораи ҳафтбурҷ ва чароғакҳои светоидӣ насб гардидаанд. Ин арчаи идона аз арчаҳои солинавии солҳои пешин бо ҳашамату зебоӣ фарқ дошта, бори аввал аст, ки се ҳафта пеш аз фарорасии соли нави мелодӣ дар маркази пойтахт гузошта шудааст. Имсол дар муқоиса ба солҳои пеш ба ғайр аз майдони «Дӯстӣ», дар чор ноҳияи пойтахт низ арчаҳои идона фурӯзон гардида, дар ин макон низ барномаҳои фарҳангӣ бо иштироки ҳофизону ҳаҷвнигорони мамлакат баргузор мегарданд ва баъди анҷоми маъракаҳои идона мушакҳои ранга паронда мешаванд.
Номбурда ҳамчунин афзуд, ки бори аввал аст ҷойи баргузории чорабиниҳои фарҳангии пойтахт бахшида ба Соли нави мелодӣ бо истифода аз чароғакҳои светоидиву барқӣ ва хаёлоти рангини бадеӣ ороиш меёбад.
АМИТ "Ховар"