Ҳамкории Тоҷикистон ва JICA густариш меёбанд

Баргузории ҷаласаи якуми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Япония, рушди ҳамкории дуҷониба дар соҳаи сармоягузорӣ, тандурустӣ, маориф ва сайёҳӣ аз мавзӯъҳое буданд, ки зимни мулоқоти Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода бо Роҳбари навтаъйини Намояндагии Агентии Япония оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA) дар шаҳри Душанбе Ҳидеки Танабе мавриди баррасӣ қарор гирифтанд
 Тавре аз Вазорати рушди иқтисод ва савдо хабар доданд, ҷонибҳо омодагии хешро барои ба сатҳи ҷадид баровардани муносибатҳои дуҷониба миёни Тоҷикистону Япония изҳор намуда, азми қавии худро ҷиҳати густариши минбаъдаи ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва JICA баён доштанд.

АМИТ "Ховар"

Tags: