«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ… ». Ба даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявӣ аз вилояти Суғд 234 нафар роҳ ёфтанд

Ба даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…», ки моҳи ноябр баргузор хоҳад шуд, аз тамоми қаламрави вилояти Суғд 234 нафар роҳ ёфтанд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз маъмурияти Китобхонаи вилоятии ба номи Тошхоҷа Асирӣ хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, даври шаҳриву ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…», ки тибқи Низомномаи озмун даври дуюм ба ҳисоб меравад, ба охир расид. Иштирокчиёни озмун дар ин давр низ мисли даври аввал барои Шоҳҷоиза ва ғолибият дар яке аз чаҳор номинатсия байни ҳам талош варзиданд.

Дар даври дуюми озмун аз шаҳру ноҳияҳои Айнӣ – 31 нафар, Ашт – 100, Бобоҷон Ғафуров – 176, Бӯстон – 48, Гулистон – 49, Деваштич – 40, Зафаробод – 28, Исфара – 95, Истаравшан – 100, Истиқлол – 21, Конибодом – 30, Кӯҳистони Мастчоҳ – 22, Мастчоҳ – 32, Панҷакент –87, Спитамен – 47, Ҷаббор Расулов – 62, Шаҳристон – 36 ва Хуҷанд – 55 нафар иштирок намуданд.

Дар ҳар шаҳру ноҳия ҳайати ҳакамон зимни саволу ҷавоб ва санҷиши дараҷаи китобхонӣ як нафарро барандаи Шоҳҷоиза эълон карданд. Ҳамчунин барои ҳар номинатсия сенафарӣ (ҷойҳои 1, 2, 3), яъне 12 нафар иштирокчии соҳибимтиёзу ғолиб эълон шуд. Инак ғолибони даври дуюм дар даври вилоятии озмун маҳорат нишон медиҳанд.

Ёдовар мешавем, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ… » ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бахшида шуда, таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миёни қишрҳои мухталифи ҷомеа, аз ҷумла хонандагону донишҷӯёни ҳамаи зинаҳои таҳсилот ва шаҳрвандони мамлакат роҳандозӣ гардидааст.

Ҳадафи аслии он баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти ҳофизаи фарҳангӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ ва таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ мебошад.

АМИТ «Ховар»

Tags: