Дар Вазорати корҳои хориҷӣ муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Франсия баррасӣ шуданд

23 ноябри соли 2017 дар ҳошияи иштирок дар машваратҳои сиёсии байниидоравӣ миёни Тоҷикистон ва Франсия вохӯрии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо роҳбари ҳайати Франсия, директори Департаменти Аврупои Континенталии Вазорати умури Аврупо ва корҳои хориҷии Ҷумҳурии Франсия хонум Флоранс Манжан барпо гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни мулоқот як қатор масъалаҳои рӯзномаи муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Франсия муҳокима гардиданд. Ҳавасмандии ҷонибҳо дар таҳкиму тақвияти минбаъдаи муколамаи сиёсӣ ва муносибатҳои иқтисодию тиҷоратӣ, равобити ду кишвар дар соҳаҳои маориф, фарҳанг ва илм таъкид гардид. Дар ин радиф, ҷонибҳо аз баргузории даври дуюми машваратҳои сиёсии байниидоравӣ миёни Тоҷикистон ва Франсия истиқбол намуданд.

Мусоҳибон инчунин дар атрофи мавзӯъҳои ҳамкории минтақавӣ ва байналмилалии ду кишвар мубодилаи афкор намуданд.

Дар вохӯрӣ ҳамчунин Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Франсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Ясмин Гуедар ҳузур дошт.

АМИТ"ХОВАР"