Тавре иттилоъ додем, Сарвари давлати Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дирӯз дар шаҳри Ню-Йорк дар ҳошияи Иҷлосияи 72-юми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар чорабинии сатҳи баланд зери унвони «Дар роҳи татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 иштирок ва суханронӣ намуданд.
Президенти мамлакат оид ба саъю талошҳои ташкилот ва ниҳодҳои СММ ҷиҳати истифодаи оқилонаи захираҳои об изҳори назар карда, 4 омилеро, ки боиси маҳдуд шудани майдони фаъолиятҳо дар ин самт мебошанд, нишон доданд: «Масоили рушд ва истифодаи оқилонаву устувори захираҳои об тайи чандин сол аст, ки дар ҳошияи Созмони Милал мавриди баррасӣ қарор доранд.
Сарвари давлати Тоҷикистон бо нигаронӣ изҳор карданд, ки «ҳарчанд пешрафт дар ин ҷода назаррас аст, вале мо дар сафарбаркунии захираҳои зарурӣ ба хотири ҳалли саривақтии мушкилоти вобаста ба захираҳои об ҳоло ҳам қафо мондаем.
Зимнан, дар ин самт мо дар навбати аввал бояд тадбирҳои иловагиро роҳандозӣ намоем. Зиёда аз ин, мо бояд омилҳои зеринро, ки майдони ҳамкории минбаъдаи моро маҳдуд мекунанд, ба инобат гирем:
Нахуст, тағйирёбии глобалии иқлим, ки ба захираҳои об таъсири манфӣ мерасонад, саъю кӯшишҳои моро ҷиҳати ноилшавӣ ба рушди устувор заиф мегардонад.
Тайи солҳои охир масоҳати пиряхҳои Тоҷикистон, ки сарчашмаи муҳими захираҳои оби минтақа мебошанд, ба андозаи сеяк кам шудааст ва аз 13 ҳазор пирях қариб як ҳазораш тамоман завол ёфтааст.
Дар Тоҷикистон тайи солҳои охир шумораи офатҳои табиии марбут ба об афзоиш ёфтааст.
Чунин падидаҳо, ба мисли обхезӣ, селу ярчу тармафароӣ ҳамасола ба иқтисодиёт ва аҳолии кишвар хисороти зиёд ворид мекунанд.
Тайи 5-6 соли охир шиддатнокии офатҳои табиӣ тақрибан 25 фоиз зиёд шудааст.
Дар ин давра бар асари офатҳои табиӣ тақрибан 200 нафар ба ҳалокат расида, шароити мусоиди зиндагии зиёда аз сад ҳазор нафар таҳти хатар монд ва маблағи умумии талафот аз 600 миллион доллари ИМА зиёд гардид.
Ба назари мо, ҳамкории самараноки фаромарзӣ метавонад ба мудирият ва истифодаи оқилонаву устувори захираҳои об мусоидат намуда, боиси коҳиши хатари хароҷоти беасос ва таъмини тавозун байни шаклу навъҳои гуногуни истифодаи захираҳои об шавад.
Пешвои миллат ба иштирокдорони чорабинии сатҳи баланд зери унвони «Дар роҳи татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» аз ташаббусҳои навбатии Тоҷикистон паём доданд, ки Тоҷикистон ба сифати кишвари ташаббускори Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» ният дорад ҷиҳати таъмини ҳамоҳангии фаъолият дар татбиқи он Маркази махсусро таъсис диҳад.
Ғайр аз ин, кишвари мо нақшаи миллии амалро ҷиҳати мусоидат ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалӣ таҳия кардааст ва мутобиқи он Сарвари давлат пешниҳод намуданд, ки дар ин мавзӯъ соли 2018 дар шаҳри Душанбе конфронси байналмилалӣ даъват карда шавад.