ДУШАНБЕ, 01.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзи 30 ноябр яке аз шахсиятҳои маъруфи кишвар, арбоби давлатӣ ва ҷамъиятӣ Низорамо Зарипова дар синни 101-солагӣ аз дунё даргузашт.
Низорамо Зарипова солҳои тӯлонӣ дар вазифаҳои гуногуни мақомоти роҳбарикунанда ба давлат ва халқи Тоҷикистон содиқона хизмат карда буд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинобар даргузашти Низорамо Зарипова ба наздикону пайвандони ӯ ҳамдардӣ баён намуда, ба онҳо сабри ҷамил хостанд.