Саида Умарзода: «Сирояти Вируси норасоии масунияти одам дар байни кӯдакон кам мешавад»

Паҳншавии сирояти Вируси норасоии  масунияти одам (ВНМО) дар байни кӯдакони то 18-сола сол аз сол кам шуда истодааст. Ин нуктаро имрӯз зимни нишасти матбуотӣмуовини якуми Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саида Умарзода иброз дошт.

Ба гуфтаи номбурда, соли 2013  ВНМО дар байни кӯдакон 12,3 фоизро ташкил медод, ки ин нишондод  дар 6 моҳи соли 2019 то ба 10,1 фоиз  паст фаромадааст.  Ҳамчунин тамоили паҳншавии сироят бо роҳи аз модар ба кӯдак ва паҳншавии сироят дар байни нашъамандони тазриқӣ низ ба тадриҷ кам шудааст.

Зикр карда шуд, ки сирояти ВНМО зери назорат буда, солҳои охир ҷиҳати пешгирии он дар ҷумҳурӣ корҳои зиёд  ба анҷом расонида шуданд. Аз ҷумла, заминаи моддию техникии  муассисаҳои соҳаи тандурустӣ беҳтар гардида, тамоми имкониятҳо баҳри дарёфту муайянсозӣ, пешниҳоди табобатҳои махсус ва назорату расонидани кумакҳои палиативӣ ба беморону сироятёфтагон фароҳам оварда шудаанд.

Нишондоди фарогирӣ ба табобат беҳтар гардида, аз 8 ҳазору  308 нафар шахсони бо ВНМО зиндагикунанда 6 ҳазору 400  нафар табобатро идома дода истодаанд, ки 77,1 фоизро ташкил медиҳад.  Ин нишондиҳанда сол аз сол беҳтар мегардад.

Гуфта шуд, ки таъсири мусбати табобати зиддиретровирусӣ ба сироятёфтагон ба кам гардидани  фавт дар байни гирифторони ВНМО сабаб гардида, фоизи фавтидагон аз шумораи дарёфтшудагон дар давраи ҳисоботӣ  ба 2,7 фоиз баробар гаштааст. Ин рақам соли 2013 13,3 фоизро ташкил медод.

С.Умарзода иброз намуд, ки яке аз роҳҳои паст намудани шиддати паҳншавии сирояти мазкур- ин баланд бардоштани сатҳи иттилоотонии аҳолӣ мебошад. Дар 5 соли охир миёни зиёда аз 700 ҳазор нафар аҳолӣ оид ба сирояти ВНМО, роҳҳои паҳншавӣ ва пешгирии он корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шудаанд.

АМИТ «Ховар»

Tags: