Дар Вазорати корҳои хориҷӣ «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020» баррасӣ гардид

30 марти соли 2018 дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон шарҳи «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020» ва «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017-2022» баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни нишаст масъалаҳои марбут ба вазъи иҷтимоӣ ва беҳбуди шароити кору зиндагии бонувон ва фаъолияти занон дар сиёсат мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар вохӯрӣ муовини якуми раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Марҳабо Олимӣ иштирок намуд.

АМИТ"ХОВАР"

Tags: