Варзишгари тоҷик Темур Раҳимов дар даври нимниҳоии Бозиҳои Осиёии Ханжоу-2022 аз намуди гӯштини ҷудо дар вазни +100 кг ба муқобили Ким Минйонг аз Кореяи Ҷанубӣ бо имтиёзи вазарӣ пирӯз шуда, ба финал баромад.
Дар финал нимаи дуюми имрӯз Темур Раҳимов бо Магомедумар Магомедумаров аз Амороти Муттаҳидаи Араб рақобат менамояд.
Бояд гуфт, ки дар даври чоряниҳоӣ варзишгари тоҷик паҳлавони Чин Ли Руйхуанро шикаст дода буд.
Ёдовар мешавем, ки Бозиҳои Осиёии Ханжоу-2022 аз 23 сентябр то 8 октябри соли 2023 дар шаҳри Ханжоуи Ҷумҳурии Мардуми Чин баргузор мегарданд. Дар он 481 маҷмуи медалҳо аз рӯи 40 намуди варзиш гузошта шудааст. Аз Тоҷикистон дар ин мусобиқа 138 варзишгар дар 18 намуди варзиш сабқат доранд.
Ба ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои Осиёӣ Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад. Ба варзишгароне, ки дар мусобиқаи мазкур медали тилло мегиранд, 150 000 сомонӣ, медали нуқра 100 000 сомонӣ ва медали биринҷӣ 50 000 сомонӣ мукофотпулӣ дода мешавад.
Бо такя ба сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат баҳри дастгирии варзишгарон дар Бозиҳои 19-уми Осиёӣ қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе низ ба тасвиб расидааст, ки тибқи он, ба гирандагони медали тилло хонаи 3-ҳуҷрадор, медали нуқра- 2 ҳуҷрадор ва медали биринҷӣ хонаи 1- ҳуҷрадор тақдим мегардад.