Вазири корҳои дохилӣ бо донишҷӯёни ДМТ оид ба хатарҳои ҷаҳони муосир суҳбат кард

Дирӯз дар бинои марказии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон вохӯрии роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии  Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати устодону донишҷӯёни ин муассисаи таҳсилоти олӣ баргузор гардид.

Тавре аз Вазорати корҳои дохилӣ хабар доданд, дар ҷамъомад Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода, муовини Вазири маориф ва илм Бозоралӣ Одиназода, ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода, сардорони раёсатҳои дастгоҳи марказии ВКД ва донишҷӯён ширкат варзиданд.

Ректори ДМТ Муҳаммадюсуф Имомзода зимни ҷамъомад гуфт, ки «ДМТ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар, бахусус мақомоти корҳои дохилӣ дар самтҳои гуногун ҳамкории судманд ба роҳ монда, пайваста бо иштироки роҳбарият ва намояндагони ин сохтори бонуфузи мамлакат суҳбату мулоқот доир менамояд».

Рамазон Раҳимзода дар бораи самтҳои асосии фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ — пешгирӣ ва ошкор намудани ҷинояткорӣ, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти шаҳрвандон ва ба роҳ мондани фаъолияти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ маълумоти муфассал пешниҳод намуд. Мавсуф ҳамчунин дар бораи хатарҳои ҷаҳони муосир, терроризму экстремизм сухан ронда, омилу сабабҳои асосии пайвастани шаҳрвандону ҷавононро ба гурӯҳҳои тундгарову ифротгаро надоштани дониши диниву дунявӣ, огоҳ набудан аз сохтори ҷомеаи демокративу ҳуқуқбунёд ва мавқеи муайян надоштан дар ҷомеа маънидод кард.

Вазири корҳои дохилӣ оид ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла Кодекси ҷиноятӣ, Кодекси мурофиавӣ-ҷиноятӣ ва Кодекси хуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ», нашри китобу дастурамалҳои таълимӣ ва омӯзиши паҳлӯҳои мухталифи ин самти муҳими фаъолият изҳори андеша намуда, аз таърихи фаъолияти фаврии тоҷик, тадбирҳои фаврӣ ва ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои иштирокчиёни мурофиаи судӣ маълумот дод. «Корманди оперативӣ агар дониши ғании ҳуқуқӣ ва малакаи касбӣ надошта бошад, дар ҷодаи фаъолияти хеш муваффақ намегардад»,- афзуд Рамазон Раҳимзода.

Ҳамзамон Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода оид ба тағйиру иловаҳои воридгардида ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар самти танзим ва риояи ҳатмии Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» сухан ронда, гуфт, ки «қабули қонуни мазкур танҳо барои баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум, пешгирии ҳама гуна хароҷоти зиёдатӣ дар баргузории маъракаҳо ва пешрафти ҷомеа равона гардидааст. Мебояд аз ҷониби ҳар яки мо талаботи ин қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки дар ҷумҳурӣ амал менамоянд, бечунучаро риоя гарданд. Мо бояд дар тарғибу ташвиқи онҳо саҳмгузор бошем».

АМИТ «Ховар»

Tags: