Толори «Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар Осорхонаи миллӣ баъди таҷдид ифтитоҳ гардид

ТВТ. 07.09.2022. 6 сентябр дар остонаи ҷашни 31-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон экспозитсияи толори «Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баъди таҷдид дар маросими тантанавӣ бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои мамлакат ифтитоҳ ёфт, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар муассисаи мазкур.

Дар толор аксҳои рӯйдодҳои муҳими Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ ба маърази тамошо гузошта шудаанд. Нигораҳо, аксу китобҳо ва ашёи осорхонавии иловашуда инъикосгари дастовардҳои Тоҷикистон дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ, дар соҳаҳои гуногун, назири рушди Парлумон, сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, истиқлолияти энергетикӣ, саноатикунонии мамлакат, амнияти озуқаворӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, маориф, фарҳанг, тандурустӣ ва варзиш мебошанд.

Дар маросими ифтитоҳи толори таҷдидшуда Директори Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллии Тоҷикистон» Зафаршо Иброҳимзода зикр намуд, ки Истиқлолияти давлатӣ барои миллати фарҳангиву тамаддунофари тоҷик нодиртарин дастоварди сарнавиштсоз ба ҳисоб рафта, оғози давраи комилан нав дар таърихи давлатдории тоҷикон, марҳилаи тоза дар ташаккули тафаккур ва давлатдорӣ мебошад.

Сипас намояндагони соҳаҳои гуногун ва меҳмонон доир ба дастовардҳои мамлакат дар солҳои соҳибистиқлолӣ ибрози андеша намуданд.

Ҳамзамон бо мақсади дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия намудани насли ҷавон ва таҳкими Истиқлолияти давлатӣ бо иштироки адибон ва аҳли ҳунар барномаи фарҳангӣ пешкаши иштирокорон гардонида шуд.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Tags: