Бо мақсади такмили донишу малакаи кормандони мақомоти давлатӣ ва бахши хусусӣ дар самти таҳия ва таҳлили лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва маблағгузории онҳо дар Душанбе дар мавзӯи «Таҳлили лоиҳаҳо ва маблағгузориҳои онҳо» давраи омӯзишӣ оғоз гардид.
Давраи омӯзишӣ бо ибтикори Кумитаи давлатии сармоягузоӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Барномаи «Мусоидат ба рушди фарогири иқтисодиёти деҳот барои беҳбудии аҳолӣ» (TRIGGER)-и Ҷамъияти ҳамкории байналмилалии Германия (GIZ) созмон дода шуда, он то 19 апрел идома меёбад.
Дар раванди давраи омӯзишӣ ба иштирокчиён малакаи таҳия ва арзёбии лоиҳаҳо тибқи меъёрҳои байналмилалии маблағгузории лоиҳаҳо, таҳлили иқтисодии лоиҳаҳо, таҳлили молиявӣ ва андозии лоиҳаҳо, таҳлили ҳассосияти модели молиявии лоиҳа ва муайян намудани хавфҳои вобаста ба лоиҳа омӯзонида мешаванд.
АМИТ «Ховар»