Қаҳрамони Бозиҳои олимпии Рио-2016 Дилшод Назаров узви Раёсати иҷроияи Шӯрои олимпии Осиё гардид

Қаҳрамони Бозиҳои олимпии Рио-2016 Дилшод Назаров узви Раёсати иҷроияи Шӯрои олимпии Осиё (OCA) барои солҳои 2023-2027  интихоб гардид.  

Ёдовар мешавем, ки 8 июл дар Ассамблеяи 42-юми генералии Шӯрои олимпии Осиё  дар Бангкок  (Таиланд) Шайх Талол Фаҳад АлАҳмад Ал Сабоҳ президенти нави Шӯрои олимпии Осиё интихоб карда шуд.

Тоҷикистонро дар ҷаласаи ҳисоботӣ-интихоботии  Ассамблеяи 42-юми генералии Шӯрои олимпии Осиё (ОСА) ноибони Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода, Дилшод Назаров ва  котиби генералии Кумитаи миллии олимпӣ Муҳаммадшо Абдуллозода намояндагӣ намуданд.

Tags: