Баъди чанд рӯзи башумор мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол 32-солагии Истиқлолияти давлатиро бо тантана ҷашн мегиранд. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба масъалаи муҳиммияти Истиқлолияти давлатӣ чунин ибрози андеша намудаанд: «Истиқлолияти давлатӣ арзишмандтарин дастоварди миллати фарҳангсолор ва куҳанбунёди тоҷик аст».
Дарвоқеъ, барои Тоҷикистони азиз ин дастоварди бузурги таърихие аст, ки ифодагари озодии сиёсӣ ва асоси пешрафти давлати миллӣ мебошад. Истиқлолияти давлатӣ- ин, пеш аз ҳама, озодӣ, ғоя, меъёр ва арзишҳои муқаддасе мебошанд, ки тавассути онҳо манфиатҳои миллии давлатамон ҳифз ва муаррифӣ мешаванд.
Бояд тазаккур дод, ки муҳтавои асосии истиқлолият волоияти ҳокимияти давлатӣ дар дохили мамлакат ва озод будани он аз тобеият ба кишварҳои дигар аст. Маълум аст, ки дар раванди соҳибистиқлолӣ худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ устувор гашта, ҳисси масъулиятшиносии мардум афзун мегардад. Аз ин рӯ, зарурати мавҷудияти соҳибистиқлолӣ ва аз худ намудани моҳият ва муҳтавои истиқлолияти давлатӣ барои ҷомеаи тоҷикистонӣ имрӯз воқеияти сиёсие аст, ки миллатро мустақил, мутаҳид ва аз таъсири бегонагон эмин нигоҳ дошта метавонад.
Ҳамзамон дарки истиқлол ва худшиносии миллӣ инъикоси худро дар ҳофизаи таърихии миллат пайдо менамояд. Масъалаи ёддошти хотираи таърихӣ — ин нишонаи таърихи пурғановати миллати куҳанбунёди тоҷик мебошад. Дар баробари ин, худи хотираи инсон хусусияти гуногунро дар бар мегирад, ба монанди рафтори бадию некӣ, шуҷоатмандию тарсуӣ ва дигар ҳодисаҳои ба инсон вобастае, ки дар зеҳну тафаккур нигоҳ дошта шуда, барои дар амал татбиқ намудан ва ё аз ёд фаромӯш нагардидан заминаи мусоид фароҳам оварда метавонанд. Инчунин дар хотира нигоҳ доштани арзиш ва дигар муқаддасоти миллӣ- ин таъсири анъана ва суннатҳои ниёгон аст, ки ҳастӣ ва волоияти иҷтимоию фарҳангии миллатро нишон медиҳад.
Хотираи таърихӣ- ин занҷираи пайдарпайест, ки арзишҳои як наслро ба насли дигар интиқол дода метавонад. Дар ин раванд нақши шахсиятҳои шинохта, нухбагон ва сарварони сиёсӣ мақоми махсус дошта, хеле бузург арзёбӣ мегарданд.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар замони соҳибистиқлолӣ таваҷҷуҳ ба фарҳанг ва арзишҳои миллӣ бештар мешавад. Чунин эҳтиром ва муносибат ба таърихи миллат ва гузаштаи он мебошад. Ба андешаи мо, дар чунин вазъ одамон рӯйдодҳои таърихиро на ҳамчун қисме аз гузаштаи халқияту миллатҳо дарк менамоянд, балки дар муносибат бо онҳо ҳисси шарикӣ, дарки давомнокии анъанаҳои миллиро ташаккул медиҳанд. Ҳамзамон дар тинату мафкураи мардум як ғурури хосса ва ифтихори самимии озодӣ ва мустақилият пайдо мегардад, ки хусусияти ҳувиятсозиро дар бар мегирад.
Имрӯз албатта, сиёсати пешгирифтаи фарҳангии Президенти Тоҷикистон намунаи беҳтарини фарҳангсолорӣ мебошад, ки барои эҳё намудани хотираи таърихӣ ва устувор намудани пояҳои маънавии худшиносӣ ва огоҳии миллӣ дар мамлакатамон заминаи воқеӣ мегузорад. Дар ин раванд барои дастоварду арзишҳои замони соҳибистиқлолӣ, аз ҷумла барқарор намудани комёбиҳои қадимаи шаҳрдорӣ, бунёди сохтмонҳои бузурги аср, аз бунбасти иқтисодӣ баровардани мамлакат ва дар арсаи байналмилалӣ баланд бардоштани обрӯи Тоҷикистони азиз корҳои азиме ба сомон расонида шудаанд. Албатта, чунин дастоварду комёбиҳои замони давлатдории навин дар хотираи таърихии мардуми мамлакат нақши абадӣ мегузоранд.
Ҳамин тавр, имрӯз дар дар ҳаёти ҷомеаи мо дарки муносибатҳо нисбат ба зуҳуроти таърихӣ бо таъсири раванди соҳибистиқлолӣ ташаккул ёфта, дар фарҳанги мо решаҳои мухталифи ба худ хоси ҷаҳонбинӣ гузошта мешавад. Аз ин ҷо тавассути шаклҳои гуногуни фарҳангие, ки ҳаёти дохилии моро ташкил медиҳад, хотираи таърихӣ низ рушду такомул меёбад. Ба ибораи дигар, хотираи таърихӣ- ин маҷмуи донишҳо, арзишҳо ва таҷрибаҳое мебошад, ки устувории нисбӣ дошта, аз як насл ба насли дигар мегузарад ва бештар тасаввуроти рамзӣ дар бораи гузашта мебошад.
Қобили тазаккур аст, ки ҷиҳати эҳёи хотираи таърихӣ ва бунёди давлатдории миллӣ Пешвои миллат на танҳо дониши соҳавӣ, балки шуҷоату матонати хосса доранд, ки тавонистанд масъулияти бузурги таърихию сиёсиро ба зиммаи хеш гиранд. Барои тақвияти ин гуфтаҳо танҳо эҳё ва баррасӣ намудани Соли тамаддуни ориёӣ кофӣ аст. Ин сол нишонаи иродаи оҳанин доштани Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки бори гарони таърихиро бар дӯши худ гирифта, тамаддуни бузурги ориёиро аз нав эҳё ва баррасӣ намуда тавонистанд.
Ҳамзамон дар замони соҳибистиқлолӣ бо ибтикор ва дастгирии Пешвои миллат бузургтарин ҷашнҳои миллӣ ва ёддошти чеҳраҳои мондагори ниёгон баргузор гардиданд, ки барои бузургдошти шахсиятҳои бузурги тоҷик иқдоми бузурги таърихию сиёсӣ мебошад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мероси таърихии мамлакат диққати махсус дода, нақши онро дар хештаншиносӣ ва фарҳангсолорӣ ҳамеша таъкиду баррасӣ менамоянд, ки ин ҳама дар раванди эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими давлатдории миллӣ мақоми созанда дорад.
Имрӯз истиқболи ҷашни фархундаи 32-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва ёддошти хотираи таърихиро мардуми мо ҳамчун истиқболи озодӣ ва шукуҳу шаҳомоти давлатдории навини миллӣ ва рушди минбаъдаи Тоҷикистон шинохта, ба он эҳтирому таваҷҷуҳи хосса доранд. Аз ин рӯ, муҳиммияти Истиқлолияти давлатӣ ва дастовардҳои онро мо бояд на танҳо чун ҳолати инъикоси озодии инсон, балки чун ғояи бузурги миллӣ барои муттаҳид намудану таҳкими ҳамгироӣ, ягонагӣ ва рушди босуботи ҷомеа шиносем.