СУТ: Шабонарӯзи гузашта дар ҷаҳон беш аз 171 ҳазор нафар аз коронавирус сироят ёфтаанд

Ба ҳолати 7 июл шумораи ҳолатҳои сироятёбӣ ба коронавируси нав дар ҷаҳон беш аз 11,7 миллион нафар гардида, зиёда аз 541 ҳазор кас гирифторони COVID-19 вафот кардаанд ва беш аз 6,7 миллион нафар беморон шифо ёфтаанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маълумоти Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ).

Тибқи маълумоти нави СУТ, давоми шабонарӯзи гузашта 171 508 ҳолати нави гирифторшавӣ ба COVID-19 ошкор шуда, 3 583 нафар сироятшудагон фавтидаанд. Ҳамин тариқ, шумораи умумии ҳолатҳои ошкоршудаи COVID-19 дар ҷаҳон 11 755 936 нафар ва теъдоди фавтидагон 541 079 кас мебошад.

Ҳамзамон то имрӯз дар ҷаҳон 6 752 675 нафар гирифторони ин беморӣ шифо ёфтаанд.

Ба даҳгонаи кишварҳое, ки дар онҳо теъдоди зиёди гирифторони коронавирус ба қайд гирифта шудааст, ИМА (3 041 035 нафар), Бразилия (1 626 071), Ҳиндустон (721 310), Россия (694 230), Перу (305 703), Испания (298 869), Чили (298 557), Британияи Кабир (285 768), Мексика (261 750) ва Эрон (243 051) дохил мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки 11 март СУТ хуруҷи COVID-19-ро пандемия эълон карда, имрӯз дар бораи беш аз 210 давлату ҳудуд ва ду киштии саёҳатии байналмилалии «Diamond Princess» ва «MS Zaandam», ки дар онҳо ҳолатҳои сироятёбӣ ба қайд гирифта шудаанд, гузориш медиҳад.

АМИТ «Ховар»

Tags: