Дар Арманистон аввалин ҳолати сироятёбӣ аз коронавирус ошкор гардид, изҳор доштааст Сарвазири Арманистон Никол Пашинян. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо такя ба хабари INTERFAX.RU иттилоъ медиҳад.
«Тақрибан ду соат қабл, мутаассифона, ҳолати аввалини гирифторшавӣ ба коронавирус тасдиқ карда шуд. Шахси бемор як шаҳрванди 29-солаи Арманистон мебошад, ки 28 феврал бо ҳамсараш аз Эрон баргашт»,- чунин навиштааст Пашинян дар саҳифааш дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук.
АМИТ «Ховар»