«Истиқболи ҷавонон аз Паёми Пешвои миллат» дар осорхонаи вилоятии Хатлон

Дар  осорхонаи вилоятии  ба  номи «Авасто»-и  Хатлон   дар  мавзӯи «Истиқболи ҷавонон аз Паёми Пешвои миллат» ҷамъомад доир гардид. Дар он донишҷӯён   ва  хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12-и шаҳри Қӯрғонтеппа ва аъзои маҳфилҳои назди осорхона иштирок доштанд. 
Иштирокчиёни ҷамъомад дастгирии худро аз сиёсати  хирадмандонаи  Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон баён карда,  соли ҷавонон эълон гардидани соли 2017- ро  хеле  хуш пазируфтанд.
Тавре   аз  шуъбаи иттилоотӣ-таҳлилии  мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатии  вилояти Хатлон иттилоъ  доданд, ҷамъомад   ба омӯзиши Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида шуд.

АМИТ «Ховар»

Tags: