16 ноябри соли равон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон боз як рӯйдоди муҳими сарнавиштсоз ба вуқӯъ мепайвандад, ки он дар таърихи миллати тоҷик бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад гардид. Интизор меравад, ки дар ин рӯзи фархунда чархаи аввали яке аз иншооти муҳиму бузурги аср — «Неругоҳи барқи обии /НБО/ «Роғун» ба кор дароварда шавад. Дар робита ба нақши ин иншооти бузурги дорои аҳамияти стратегӣ дар рушди иқтисодиёти мамлакат хабарнигори АМИТ «Ховар» Мавҷуда АНВАРӢ бо якчанд савол ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намуд.
АМИТ «Ховар»: Баъди мавриди истифода қарор гирифтани чархаи аввали ин иншооти муҳташам дар рушди иқтисодиёти миллӣ чӣ гуна заминаҳо фароҳам меоянд?
Вазорати рушди иқтисод ва савдо: Дар натиҷаи гузаронидани ислоҳоти иқтисодӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сол то сол соҳаи энергетикаи ҷумҳурӣ рушд ёфта истодааст. Аз ҷумла, дар давраи Истиқлолияти давлатӣ бо ҷалби сармоягузорони хориҷӣ як қатор лоиҳаҳои инвеститсионӣ дар бахши энергетика оғоз ва амалӣ карда шуданд. Бо мақсади рушди босуботи соҳаи энергетика солҳои охир дар кишварамон дар ҳамкорӣ бо сармоягузорони хориҷиву дохилӣ иншооти бузурги гидроэнергетикӣ, неругоҳҳои хурди барқӣ, хатҳои интиқоли барқи баландшиддат ва зеристгоҳҳои барқии пуриқтидор ба истифода дода шудаанд.
Дар ин росто, барои Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмон ва сари вақт ба истифода супоридани «НБО Роғун» ҳаётан муҳим буда, ба он масъалаи аввалиндараҷаи пешрафти иқтисодиёти ҷумҳурӣ вобаста аст. НБО «Роғун» неругоҳи барқии обии калонтарин дар дарёи Вахш ба ҳисоб меравад. Он дар Осиёи Марказӣ калонтарин буда, сохтмонаш соли 1976 оғоз гардида буд.
Иқтидори лоиҳавии «НБО Роғун» ба 3600 МВт баробар буда, он аз 6 агрегати 600 МВт иборат аст, ки баландии сарбанди он 335 метр муайян шуда буд. Ин неругоҳ дар ҳолати пурра ба кор даромаданаш дар як сол метавонад 13,1 млрд. кВт-соат неруи барқ ҳосил кунад.
Бояд зикр намуд, ки таҳияи лоиҳа ва сохтмони «НБО Роғун» дар даврони Шӯравӣ оғоз ёфта, аҳамияти минтақавии он зарур арзёбӣ гардида буд.
Тавре ки маълум аст, мавриди истифода қарор додани агрегатҳои аввали «НБО Роғун» 16 ноябри соли 2018 ва моҳи апрели соли 2019 ба нақша гирифта шудааст.
Истеҳсоли барқи бармаҳали неругоҳ аз 120 МВт дар навбати якум ва дар навбати дуюми баистифодиҳии неругоҳ дар маҷмӯъ ба 400 МВт баробар шуда, тавассути ду хати интиқоли барқи 500 кВ ба шабакаи умумии системаи энергетикӣ интиқол дода мешавад.
Иқтидорҳои зикргардида дар навбати аввал ба тақвияти таъмини барқ ба аҳолӣ ва имкониятҳои истеҳсолии корхонаҳои саноатӣ дар кишвар мусоидат намуда, ҷиҳати афзоиши неруи содиротии Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи устувор фароҳам меоваранд.
АМИТ «Ховар»: Албатта, сохтмони иншооти бузурги дорои аҳамияти стратегӣ-НБО «Роғун» дар рушди иқтисодиёти кишварамон нақши калидӣ мебозад, вале ба иқтисодиёти минтақа чӣ таъсир мегузорад?
Вазорати рушди иқтисод ва савдо: Қобили зикр аст, ки ҳамрадиф бо сохтмони неругоҳи тақдирсози мазкур амалӣ намудани лоиҳаи бузурги содироти неруи барқ тавассути хатти баландшиддати интиқоли барқи CASA-1000 аз Ҷумҳурии Қирғизистон — Ҷумҳурии Тоҷикистон — Ҷумҳурии Исломии Афғонистон то ҳудуди Ҷумҳурии Исломии Покистон ва минбаъд ба дигар давлатҳои эҳтиёҷдошта дар назар дошта шудааст.
Ҳангоме ки сохтмони номбурда идома меёбад, барои содир намудани қувваи барқи изофагӣ ба мамлакатҳои дуру наздик замина гузошта мешавад.
Айни замон сохтмони НБО «Роғун» асосан аҳамияти иқтисодӣ дорад, зеро истеҳсоли барқи арзон барои рушди саноат, таъсиси ҷойҳои нави корӣ барои аҳолӣ, мусоидат ба густариши ҳамкории байнидавлатӣ ва байниминтақавӣ дар самти содироти он, нигоҳ доштани миқдори зарурии об барои обёрӣ дар солҳои хушк мусоидат менамояд.
Дар ин вазъият сохтмони НБО «Роғун» аз ҷиҳати иқтисодӣ, минтақавӣ ва глобалӣ аҳамияти муҳим дорад. Зеро азхудкунии иқтидорҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон имконият медиҳад, ки минтақа бо неруи барқи арзону аз нигоҳи экологӣ тоза таъмин карда шавад.
Дар баробари ин барои пешгирии таъсири манфии ҳодисаҳои фавқулодаи гидрометерологӣ, аз қабили хушксолӣ, обхезӣ, боришоти зиёду омадани сел ва дигар офатҳои табиӣ, ки ҳамасола ба кишварҳои минтақа зарари калони иқтисодӣ меоранд, мусоидат мекунад. Дар чунин шароит, неругоҳ метавонад омили ҳамгироӣ ва рушди иқтисодии кишварҳои минтақа гардад.
Муттаҳидсозии кӯшишҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ ба татбиқи лоиҳаи мазкур манфиатҳои бевосита меорад ва ба иштирокчиёни он имкон медиҳад, ки ин неругоҳ ба манфиати умумии минтақа хизмат намояд.
АМИТ «Ховар»: Дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 зиёд намудани истеҳсоли неруи барқ ба нақша гирифта шудааст, ки тибқи он соли 2030 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 45 миллиард кВт-соат неруи барқ истеҳсол карда мешавад. Дар ин давра оё «НБО Роғун» имконият медиҳад, ки дар Тоҷикистон корхонаҳои муштараки бузурги саноатӣ бо кишварҳои хориҷӣ ташкил карда шаванд?
Вазорати рушди иқтисод ва савдо: Бояд зикр намуд, ки бунёди НБО «Роғун» барои дар истеҳсолот ҷорӣ намудани технологияи пешқадами муосир, тавлиди маҳсулоти рақобатпазири воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронидашуда, таъмини фаъолияти мунтазами корхонаҳои истеҳсолӣ, фарогирии аҳолӣ бо шуғли доимӣ ва дар маҷмӯъ барои ҳалли масъалаҳои иҷтимоии кишвар аҳамияти ниҳоят муҳим дорад.
Дар шароити кунунӣ, ки дар натиҷаи буҳронҳои сиёсиву иқтисодӣ рақобат дар бозорҳои ҷаҳон шиддат меёбад, масъалаҳои баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулот дар бозори дохилию хориҷӣ, ҷорӣ намудани равандҳои инноватсионӣ дар истеҳсолоти ба содирот нигаронидашуда ва воридотивазкунанда, ташкили хизматрасониҳои логистикӣ, инфрасохторӣ ва нақлиётӣ бештар аз дастрасӣ ба захираҳои арзони энергетикӣ вобастагӣ дорад.
Танҳо бо истифода аз неруи арзони энергия мо метавонем арзиши аслии маҳсулоти истеҳсолӣ, ҳаққи хизматрасониҳои дохилию байналмилалиро паст намоем ва рақобатпазирии иқтисодиро таъмин намоем.
Мутобиқи нишондиҳандаҳои пешбинигардидаи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 суръати афзоиши миёнасолонаи ММД 7% ва зиёда аз онро ташкил медиҳад. Бояд зикр намуд, ки сохмони НБО «Роғун» асосан аҳамияти иқтисодӣ дорад, зеро истеҳсол ва фурӯши барқи арзону аз ҷиҳати экологӣ тоза барои рушди соҳаҳои воқеии иқтисодиёт, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, густариши ҳамкории судманди байнидавлатӣ дар самти содироти он ва истифодаи самараноки об мусоидат менамояд.
Ин неругоҳ дар ҳолати пурра ба кор даромаданаш дар як сол метавонад 13,1 млрд. кВт-соат неруи барқ истеҳсол кунад. Бинобар ин, саҳми НБО «Роғун» дар рушди минбаъдаи кишвар назаррас арзёбӣ мегардад.
Зеро бо дарназардошти истеҳсоли неруи барқи изофа дар дохили кишвар ҷиҳати ба кор даровардани корхонаҳои нави саноатӣ, аз ҷумла бунёди корхонаҳои муштараки бузургӣ саноатӣ бо кишварҳои хориҷӣ шароити мусоид фароҳам мегардад.
АМИТ «Ховар»: Таъмини аҳолии кишвар бо неруи барқ яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар ҳолати пурра ба фаъолият оғоз кардани иншооти стратегӣ-НБО «Роғун» Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад пурра ба истиқлолияти энергетикӣ даст ёбад?
Вазорати рушди иқтисод ва савдо: Бояд зикр намуд, ки хусусиятҳои хоси соҳаи энергетикаи Тоҷикистон ва имкониятҳои содироти он дороиҳои бузурги энергетикӣ дошта, талаботи он дар дохили кишвар нисбатан кам мебошад. Инчунин истеҳсоли энергия бо арзиши арзон, ҷойгиршавии хуби геополитикӣ ва муносиб барои содироти неруи барқ ба Афғонистон, Покистон, Чин, Ҳиндустон ва ғайра, таъсис додани системаи обанборҳо барои танзими резиши об дар сатҳи кофӣ ба кишварҳои поёноб дар солҳои хушксолӣ баманфиат мебошад.
Таҷрибаи андӯхта низ нишон медиҳад, ки танҳо давлатҳое ба пешрафти иқтисодӣ комёб мегарданд, ки захираҳои арзони энергетикӣ доранд ва аз он самаранок истифода мебаранд. Бунёди НБО «Роғун» дар оянда ҳамчун таъминкунандаи захираи арзони энергия аз ҷиҳати экологӣ тоза барои фаъолияти мунтазами иқтисоди миллӣ ва таъмини рақобатпазирии он дар ҳамгироӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ мусоидат менамояд.
Бале, дар ҳолати пурра ба фаълият оғоз кардани иншооти бузурги аср НБО «Роғун» Ҷумҳурии Тоҷикистон комилан ба истиқлолияти энергетикӣ ноил мегардад.
Мусаллам аст, ки рушди минбаъдаи иқтисодиёти миллӣ бо назардошти ба роҳ мондани истеҳсоли неруи барқ дар НБО «Роғун» вобастагӣ дорад, бинобар ин иншооти мазкур ҳамчун иншооти аср эътироф гардидааст.